Бархе аз тоҷирони тоҷик дар шароити фаъол набудани бозорҳои либосфурӯшӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 тиҷорати худро аз тариқи интернет ба роҳ мондаанд.
Авҷи пандемия ё гирифторшавӣ ба COVID-19 дар бархе аз кишварҳо аллакай гузаштааст ва бархеи дигар акнун ба нуқтаи авҷи беморӣ наздик шудаанд.
Осори ҷисмии коронавирус Ковид-19 тез мегузарад, вале асари равониву руҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад.
Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 миллионҳо доллар кумак карданд. Ёрии бархе аз давлатҳо аз тестҳои санҷиши беморӣ, хӯрокворӣ, дору ва либосҳои муҳофизатӣ иборат буд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сарони ҷаҳон ҳушдор додааст, ки агар даст ба кор нашаванд, паҳншавии COVID-19 қаҳтӣ, фақр ва гуруснагиро ба миён хоҳад овард, ки ба "вайронӣ ва дарду ранҷи ғайри қобили тасаввур" дар ҷаҳон хоҳад анҷомид.
Худдории озмоишгоҳҳо аз додани натиҷаи ташхиси тестӣ ба гирифторони COVID-19 нигаронии афроди сироятдидаро бештар кардааст.
Хомушии тӯлонии мақомот дар Тоҷикистон бо фаъолмандии бесобиқае дар мубориза бо коронавируси COVID-19 дар ҳафтаи гузашта тағйир ёфт.
Ёфтҳои бештар