Зиёд шудани фавт дар як моҳи гузашта ва ҳамингуна кори гӯрканҳо масъулони ду оромгоҳ дар Кӯлобро маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд. Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд.
Дар ҳоле, ки пизишкони зиёде дар Тоҷикистон дар "нуқтаҳои гарм" барои муолиҷа ва наҷоти ҷони гирифторони COVID-19 мубориза мебаранд, як гурӯҳи дигари табибон баром ором кардан ва додани машварати тиббӣ ба сокинон, тариқи телефон, сафарбар шудаанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) рӯзи 25 май ҳушдор дод, ки ба кишварҳои осебдида аз коронавирус бо вуҷуди камшавии мавридҳои гирифторӣ ба COVID-19 хатари “авҷгирии дубораи беморӣ” таҳдид мекунад. Биноан, мегӯяд ин ниҳоди байнулмилалӣ ҳукуматҳо набояд бо шитобзадагӣ аз чораҳои эҳтиётӣ даст кашанд.
Ёдгор Файзов, раиси 59-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ шудааст.
Кумитаи дин ва танзими расму маросим дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур додааст, ки то беҳбуди вазъият барои баргузории маросимҳои арӯсӣ ба сокинон иҷозат надиҳад.
Ёфтҳои бештар