Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дастур шудааст, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд.
Кишварҳои ҷаҳон барои соҳиб шудан ба ваксинаи зидди COVID-19 талош доранд ва гоҳе чунин ба назар мерасад, ки дар ин «мусобиқа», ба истилоҳ, якдигарро «мехӯранд».
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир фавти беморони коронавируси навро сабт накардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи расмии пандемия дар Тоҷикистон 60 кас аз COVID-19 даргузаштаанд.
Бо расидани коронавирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ боло гирифтааст, ки мумкин аст, маргу мир дар миёни ин мардуми ҷафокашидаву осебпазир зиёд шавад.
Бо шурӯи эҳёи дубораи иқтисоди Чин аз паёмадҳои пандемияи коронавирус, кишварҳои дучори мушкили Осиёи Марказӣ эҳтимолан ҳарчи бештар аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ вобастаи Пекин мешаванд.
Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар ним соли гузашта, дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад.
Мансабдорони Узбекистон дар оғози паҳншавии бемории ҳамагир дар бораи муваффақиятҳои худ барои муқобила бо он хабар медоданд, вале шикояти сокинони Узбекистон дар ҳафтаҳои ахир аз вазъи хеле бад дар шифохонаву минтақаҳои карантинӣ ин ҳамаро зери суол гузоштааст.
Дар як деҳаи Қирғизистон бинои масҷидро ба шифохона ё ҷойи муолиҷаи беморони COVID-19 табдил доданд. Қоливу тасбеҳҳоро ҷамъ карданд ва меҳробро бо парда пӯшониданд.
Ёфтҳои бештар