Александр Лукашенко, президенти Беларус эълон кард, ки ба коронавирус гирифтор шудааст, аммо ба гуфтаи президент, ӯ аз мубталошавиаш хабар надошт, бистарӣ ҳам нашудаст. Лукашенко дар ин муддат бо чанде аз сарони давлатҳо дидору мулоқот дошт.
Чанд ҳафта пеш пажӯҳишгарони Донишгоҳи Оксфорд дар Бритониё аз офаридани ваксинае ба зидди COVID-19 эълон доданд, ки ба гуфтаи онҳо амн аст ва баданро барои муқовимат ба ин ин беморӣ омода мекунад.
Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо пайомадҳои коронавируси нав 1.1 миллион доллар дод.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хостааст, ки аз ин ба баъд дар намозҳои ҷаноза фосилаи ҷисмониро риоя кунанд ва ниқоби тиббӣ бипӯшанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта фавти як нафарро аз коронавирус сабт кардааст ва бо ин шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир ба 60 нафар расид.
Дар замони пандемияи коронавирус як толори варзиширо дар шаҳри Бишкек ба шифохонаи азими саҳроӣ табдил доданд.
Масъулони Идораи маорифи Суғд гуфтанд, ки аз замони эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон то ин дам 18 омӯзгор аз COVID-19 ҷон бохтаанд.
Рӯзи 27-уми июл шумори гирифторони коронавируси нав дар саросари ҷаҳон аз 16 миллион нафар бештар шуд.
Кормандони соҳаи тиб дар Узбекистон, ки бо вируси корона мубориза мебаранд, аз камбуди либоси муҳофизатӣ шикоят доранд.
Ёфтҳои бештар