Чин баъд аз се сол паҳншавии бемории COVID-19 карантини маҷбурӣ ва маҳдудияти вуруди мусофиронро ба ин кишвар бекор кард.
Масъулони мақомоти беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, назорат ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти КОВИД-19 дигарбора сахттар мешавад.
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ гирифтории 36 нафари дигарро ба бемории коронавирус тасдиқ карданд. Маълум нест, онҳо ба омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи бемории ҳамагир, мубтало шудаанд ё навъҳои дигари он.
Дар як ҳафтаи охир шикоятҳо дар бораи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Мақомот аз додани ҳама гуна шарҳ худдорӣ меварзанд. Ёфтаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон доданд, ки дар кишвар чанд мавриди гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабт шудааст.
Дар Амрикову ҳар кишвари дигар мардум солона як ё ду дафъа бемории зуком ё сармохӯрдагӣ мегиранд. Албатта барои ҳар кас ин бемории сабук нороҳаткунанда аст, вале таҳқиқоти нав нишон додааст, ки зукоми маъмулӣ одамонро то ҳадде аз вирусҳои хатарноктар муҳофизат мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ба кишварҳои ҳамсоя расидани “омикрон”, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро сахттар кардаанд.
Дар Тоҷикистон гуруҳҳои осебпазири аҳолиро бо вояи сеюми ваксинаи COVID-19 эм мекунанд. То ин вақт дар кишвар сокинон танҳо ду воя ваксина мегирифтанд. Гузарондани вояи сеюми ваксина дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо омикрон, нави ҷадиди коронавирус, дасту панҷа нарм мекунанд.
Омикрон номи вируси наву тағйирёфтаи СOVID-19 аст, ки моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Олимон аз афзоиши ангезандаҳо дар протеинҳои сатҳи ин вируси такомулёфта нигаронанд, ки бемории COVID-19 бармеангезад. Дар ин шакл вирус вогиртар ва муқовим ба ваксинаҳои мавҷуд мешавад.
Табибон мегӯянд, бисёре аз беморони бистарӣ дар инҷо онҳое ҳастанд, ки ваксина нагирифтаанд ва ҳоло мегӯянд, кош ваксина мегирифтанд, ки ҳолашон ин қадар бад намешуд.
Як мансабдори баландпояи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) ба набудани коронавирус дар Туркманистон изҳори шубҳа кардааст.
Тибқи гузоришҳо, шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон ба наздикии 250 миллион нафар расид.
Ёфтҳои бештар