Бо зиёдтар шудани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Русия, дар ҷумҳурии Чеченистони ин кишвар ба мардум таҳдид кардаанд, ки агар ваксина нагиранд, сахт танбеҳ мешаванд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги боз ду каси дигарро аз коронавирус тасдиқ кард, вале ному насаб ва синни онҳоро нагуфт.
Сироятӣ коронавирус дар Русия рӯ ба афзоиш дорад. Дар ин кишвар ҳамарӯза беш аз 20 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ сабт мешавад. Маскав ба фарқ аз шаҳрҳои дигари Русия пешсаф аст.
Яке аз роҳҳои муассири ҳимояи худ аз бемории ҳамагири COVID-19 ва вирусҳои дигар бештар шустани даст аст. Собун натанҳо барои покиза нигоҳ доштани даст кумак мекунад, балки метавонад вирусро маҳв намояд. Бубинед, он чӣ гуна рух медиҳад:
Агар дар Маскав ҳастед ва ваксина нагирифтаед, аз охири моҳ шуморо ба ресторанҳои Маскав роҳ намедиҳанд.
Бо афзоиши ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, бисёриҳо роҳи аслии ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирусро дар гирифтани ваксина мебинанд, бархеи дигар чандон ба ваксинаҳо бовар надоранд.
Мақомоти Тоҷикистон расман эътироф карданд, ки ҳолати сироятёбии сокинон ба COVID-19 дар кишвар сабт шудааст . Ситоди муқобила бо коронавирус бегоҳи 21-уми июн бо нашри ин хабар аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо радди иттилои расонаҳо дар бораи бозгашти COVID-19 ба кишвар мегӯяд, афроде ки рӯзҳои ахир бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудаанд, танҳо мушкили шуш доранд.
Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ ошкор нашудани ягон ҳолати нави сирояти коронавирусро таъкид мекунад, табибон, кормандони озмоишгоҳҳо, расонаҳо ва наздикони беморон аз бозгашти COVID-19 ба кишвар хабар медиҳанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ 22 касро дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус ба карантин гирифтаанд.
Як сол пеш дар пайи як тағйироти кадрӣ Насим Олимзода аз мансаби вазири тандурустии Тоҷикистон барканор шуд ва ба курсии ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода нишаст.
Ёфтҳои бештар