Мақомоти Суғд даромадгоҳи бахше (қисме) аз бемористони вилоятиро дар Хуҷанд "бастаанд", вале шарҳ намедиҳанд, ки чаро. Дарбонҳо ба сокинон пайваста таъкид мекунанд, ки “даромадан мумкин нест, карантин аст”.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13-уми июл се нафар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Дар эъломияи вазорат аз қурбониёни нави COVID-19 ном бурда нашудааст. Дақиқ нест, онҳо дар кадом минтақа ва шифохона бистарӣ буданд.
Мақомоти Суғд ҳарчанд дар бораи шумори беморону ҷонбохтагон ва вазъи вобаста ба коронавирус дар минтақа иттилои дақиқ надоданд, гуфтанд, ки барои дарёфти ваксинаи бештар ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардаанд.
Пизишкони тоҷик хабар доданд, ки як зани 100-соларо аз чанголи коронавируси нав халос кардаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки ду нафари дигар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Ба ин тартиб, шумори расмии қурбониёни бемории ҳамагир дар кишвар ба 97 кас расид, аммо манобеи ғайрирасмӣ омори ҷонбохтагонро бештар аз ин медонанд.
Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд ва мардумро ба гирифтанаш ташвиқ мекунанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не.
Бо зиёдтар шудани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Русия, дар ҷумҳурии Чеченистони ин кишвар ба мардум таҳдид кардаанд, ки агар ваксина нагиранд, сахт танбеҳ мешаванд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги боз ду каси дигарро аз коронавирус тасдиқ кард, вале ному насаб ва синни онҳоро нагуфт.
Сироятӣ коронавирус дар Русия рӯ ба афзоиш дорад. Дар ин кишвар ҳамарӯза беш аз 20 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ сабт мешавад. Маскав ба фарқ аз шаҳрҳои дигари Русия пешсаф аст.
Яке аз роҳҳои муассири ҳимояи худ аз бемории ҳамагири COVID-19 ва вирусҳои дигар бештар шустани даст аст. Собун натанҳо барои покиза нигоҳ доштани даст кумак мекунад, балки метавонад вирусро маҳв намояд. Бубинед, он чӣ гуна рух медиҳад:
Агар дар Маскав ҳастед ва ваксина нагирифтаед, аз охири моҳ шуморо ба ресторанҳои Маскав роҳ намедиҳанд.
Бо афзоиши ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, бисёриҳо роҳи аслии ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирусро дар гирифтани ваксина мебинанд, бархеи дигар чандон ба ваксинаҳо бовар надоранд.
Ёфтҳои бештар