Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон умедвор аст, ҳизбаш ба порлумон роҳ меёбад, ба шарте, ки он шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шавад. Зоиров ин суханонро баъди овоздиҳӣ дар қитъаи рақами 34-и ноҳияи Синои пойтахт ба хабарнигорон иброз дошт.
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки соати 6 бомдод шуруъ шуд, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот то соати 12 бештар аз 47 дар сади мардум ширкат кардаанд.
Субҳи якшанбе дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Бохтар, маркази Хатлон, ҳузури зиёди овоздиҳандагон мушоҳида шуд. Мақомот гуфтанд, то нисфирӯзӣ беш аз чиҳил дарсади афроди қобили раъй овоз доданд. Баъд аз нисфирӯзӣ ҳавзаҳо камодам буд. Ҷараёни интихоботро дар маркази Хатлон Орзуи Карим ба навор гирифтааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ шоҳиди тақаллубкорӣ шуд. Дар ин ҳавза 1234 раъйдиҳанда сабт шудаанд.
Дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.
Интихоботи порлумонӣ дар кишварҳои демократӣ як корзори муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад, чун мардум онҳоеро интихоб мекунанд, ки бо қабули қонунt ба зиндагии онҳо таъсир мегузоранд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ?
Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дар аксар нуқтаҳои раъйдиҳӣ охирин омодагиҳо ҷараён дорад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, дар саросари кишвар тақрибан 3500 қитъаи овоздиҳӣ аз соати 6-и субҳ то 8-и шом фаъол хоҳад кард.
Дар остонаи интихоботи порлумонӣ Радиои Озодӣ доир ба ҳавои корзори интихоботӣ ва тахминҳо дар бораи ба кӣ чанд курсӣ расидан дар Маҷлиси намояндагон суҳбат кард. Мубоҳисон Сайфулло Сафаров, таҳлилгари сиёсӣ ва муовини собиқи раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва хабарнигор Раҷаби Мирзо ҳастанд.
Интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат мегирад.
Ҳазорон ҷавони тоҷик, ки имсолу соли гузашта, ки 18-сола шудаанд, бори аввал рӯзи 1-уми март дар интихоботи порлумонӣ иштирок хоҳанд кард.
Ёфтҳои бештар