Имсол ба фарқ аз интихоботҳои қаблии Тоҷикистон, дар дохили бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ барои хабарнигорон толори махсус ҷудо нашудааст. Барои пӯшиш ва бозтоби раванди интихобот аз КМИР барои хабарнигорон дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ толор ҷудо карданд.
Дар ин толор ҳамагӣ як монитор гузошта шудааст, ки дар он гузоришҳои мустақими шабакаҳои давлатӣ аз ҷараёни интихобот пахш мешавад. Ба гуфтаи масъулини КМИР, барои хабарнигорон интернети бесим ё WiFi дастрас мебошад, аммо биноба мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар соатҳои аввали интихобот, журналистони мустақил ва хориҷӣ дар ин толор ҳузур надоштанд.
Дар толори дигаре дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ки махсус барои пахши мустақим шабакаи телевизиони давлатӣ омода шудааст, намояндагон ва коршиносони КМИР ҷамъ омадаанд ва натиҷаҳои интихоботро ҳар се соат эълон мекунанд. Ба хабарнигорон гуфтаанд, ҳама натиҷаҳои интихоботро тавассути пахши мустақими шабакаи аввал метавонанд дастрас кунанд.
Дар интихоботи навбатӣ ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 35 коршиносе, ки махсус барои ин маърака омода шудаанд кӯмак мерасонад. Ин коршиносон як сол қабл аз баргузории интихоботи порлумонӣ Донишкадаи такмили ихтисос ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд ва фаъолияти аслии онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ гуфта мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ниҳодест, ки раванди интихоботро назорат ва ҷамъбаст мекунад. Аъзои ин ниҳод дар гузашта аз ҳисоби намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ иборат буд. Бар асоси як тағйирот ба қонун дар тобистони соли гузашта бояд афроди беҳизб шомили КМИРТ бошанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳайати нави Комиссия, ки 4 моҳи пеш дар порлумон тасдиқ шуд аз "афроди беҳизб ва бетараф” иборат аст. Вале коршиносон мегӯянд, аз ҳайати комиссияи интихоботӣ берун шудани аъзои ҳизбҳои сиёсӣ шаффофият ва беғазарии кори онро зери суол мебарад.
Тағйироти дигар ин аст, ки ҳайати ин комиссия аз будҷаи кишвар маош хоҳанд гирифт. Ин тасмим низ ба интиқодҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Ба бовари таҳлилгарон, ба мақоми ниҳоди маошгири ҳукумат гузаштани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, бетарафии онро аз байн мебарад.
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон рақобат барои 63 курсӣ байни беш аз 230 номзад сурат мегирад. Чанд рӯз қабл Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ эълон кард, ки то ин лаҳза барои ҳамаи номзадҳо шароити баробару мусоиди таблиғотӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо ба андешаи бархе аз таҳлилгарон, дар ин интихобот ҳам мисли маъракаҳои қаблӣ фазои серрақобату гарми интихоботӣ эҳсос намешуд ва натиҷаҳо ҳам аз пеш маълум аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!