Олимҷон Бобоев, вакили порлумони Тоҷикистон, дар остонаи интихоботи моҳи марти имсол аз раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба иддаои масъулонаш 30 ҳазор узв дорад, истеъфо дод. Ӯ гуфт, роҳро барои ҷавонҳо кушодааст ва худ акнун даврони пирӣ хоҳад ронд.
Бобоев ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи президентии соли 2006 дар майдони сиёсати Тоҷикистон пайдо шуд ва ҳамон вақт раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро, ки коршиносон сохтаи мақомот медонистанд, ба уҳда гирифт.
Ӯ ду дафъа номзад ба мақоми президентӣ ва як муддат вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Олимҷон Бобоев рӯзи 9-уми январ дар бораи фаъолияташ дар порлумон, ҳизбҳои "кисагӣ", андозу нафақа ва монополияи бозору масоили дигар бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вале гуфтугӯ аз баррасии истеъфои ӯ сар шуд.