Номи 931 зодаи Тоҷикистон, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи январи соли 2025 ба таври қарордодӣ аз тарафи Русия ба зидди Украина ҷангидаанд, эълон шуд.
Иттиҳоди Аврупо тарҳеро баррасӣ дорад, ки агар то охири имсол қабул шавад, дасти Брюсселро барои лағв ё бекор кардани сафари бераводид (бевиза) барои шаҳрвандони 61 кишвар, аз ҷумла Гурҷистон, Молдова ва Украина боз мекунад.
Пулиси Ҳинд мегӯяд, бар асари ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба тарафи сайёҳон дар минтақаи Ҷому ва Кашмир 26 кас кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамлаи хунбортарин дар минтақа дар ду даҳсолаи охир ба шумор меравад.
Қурби доллари Амрико дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар як ҳафтаи охир поин рафтааст. Агар рӯзи 18-уми апрел арзиши 100 доллар дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1081 сомонӣ баробар буд, рӯзи 22-юми апрел ба 1068 сомонӣ расид.
Гурӯҳе аз ронандагони ширкати "Рахш Такси" дар Душанбе шикоят доранд, ки аз оғози моҳи апрел нозирони БДА (ГАИ) бе пешниҳоди далеле рақами мошинҳояшонро мусодира мекунанд.
"Расонаҳои зард" ва блогерҳои миллатгарои Русия бо асабоният сарбозони ин кишварро аз қаллобии ба истилоҳ "беваҳои сиёҳ" ҳушдор медиҳанд, ки сарбозонро фирефта ва ба издивоҷ ҷалб мекунанд, то дар сурати кушта шуданашон дар ҷанги Украина кумакпулӣ бигиранд ва аз имтиёзҳо бархӯрдор шаванд.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, умед дорад, ки Русия ва Украина ин ҳафта ба созиш мерасанд ва ба ҷанг поён медиҳанд. Доналд Трамп 20 апрел дар саҳифааш дар Truth Social навишт, пас аз хатми ҷанг ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо ду кишвар ба таври бесобиқа афзоиш хоҳад ёфт ва Русияву Украина рушд хоҳанд кард.
Сурайё Ҳошимӣ, муҳоҷири афғонистонии муқими Тоҷикистон, ду фарзанди маълул дорад. Дар сӯхтори манзили иҷорааш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳуҷҷатҳояшро аз даст дод. Бо вуҷуди фаъол будани сафорати ҳукумати пешини Афғонистон, ӯ барои барқарории аснодаш ба Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ муроҷиат кард. Чаро?
Ёфтҳои бештар