Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки маҷлиси саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи нерӯгоҳи Роғун баргузор шуда, дар он “тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқ” қабул шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷаласа кай баргузор мешавад.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот ба назди ҳамсояҳои Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе рафта, аз онҳо дар бораи ин мақомдори собиқ пурсидаанд. Абдуллозода 2-юми май ба дунболи барканориаш боздошт шуда буд.
Додгоҳи зинаи касатсионӣ дар ИМА иборат аз 11 додрас, дастур додааст, ки Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар ихтиёри ин расона бигузорад.
Гузориши нави Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ки як идораи вобаста ба СММ мебошад, мегӯяд, соли 2024 аз хориҷа ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар маблағ (ё 45% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар) ирсол шудааст. Пулҳои интиқолӣ 27% бештар назар ба соле аз он пеш мебошад.
Парвозҳои миёни Душанбе ва Маскав баъди таъхири якрӯза барқарор шуданд. Дар ин бора матбуоти Русия ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 8 май бо такя ба маъмурияти фурудгоҳҳои Маскав ва Душанбе хабар доданд.
Ёфтҳои бештар