Ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро тарк карда, ба ватани худ бармегарданд. Ин раванд чанд моҳ боз ҷараён дорад. Сахттар шудани сиёсати Маскав дар бахши муҳоҷират, афзоиши назорат ва ҷалби муҳоҷирон ба артиш ва ҷанг алайҳи Украина ҷаззобияти бозори кори Русияро камтар кардааст.
Дастикам панҷ донишҷӯйро барои иштирок накардан дар роҳпаймоӣ ё маршировкаи бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки мақомот онро "чорабинии муҳими сиёсӣ" меноманд, аз таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ маҳрум кардаанд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Вашингтон талошҳоро барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина идома хоҳад дод. Ӯ ҳангоми мулоқот бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳушдор дод, ки хатари густариши низоъ берун аз марзҳои Русия ва Украина вуҷуд дорад.
Асадулло Бобоев, як намояндаи мухолифини ҳукумат, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуда буд, дар Душанбе ба 17 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳанӯз 21-уми сентябр содир карда, Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти онро 19-уми октябр дастрас намуд.
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе ба шаҳри Самарқанд расид ва қарор аст 19-уми октябр бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида, амнияти минтақа ва ҳамкориҳои иқтисодиву стратегиро баррасӣ кунад.
Писараш, Муҳаммадрафии Кароматулло, рӯзи 17-уми октябр дар паёме ин рӯзро "рӯзи ғаму дарди хонаводаи мо" номидааст.
Як пойгоҳи украинӣ, ки таҷҳизоти низомии ғаниматгирифтаи Русия ва Кореяи Шимолиро барои "озмоишҳои харобиовар" ва дигар таҳқиқот пешниҳод мекунад, аз замони таъсисаш ба 376 ширкат ва ниҳоди хориҷӣ дастрасӣ додааст.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо барномаи густурдаи дипломатӣ ва иқтисодӣ ба Осиёи Марказӣ меравад. Минтақаи иборат аз панҷ кишвар, ки солҳо боз зери нуфузи афзояндаи Русия ва Чин қарор дорад. Ҳоло суол ин аст, ки Вашингтон чӣ гуна мехоҳад пайвандашро бо минтақа тақвият бахшад?
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо барномаи густурдаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла бо ҳайате аз раҳбарони ширкатҳои тиҷорӣ, ба Осиёи Марказӣ меравад. Минтақаи иборат аз панҷ кишвар, ки солҳо боз зери нуфузи афзояндаи Русия ва Чин қарор дорад.
Ёфтҳои бештар