Мушоҳидаи мутахассисон дар моҳи июл нишон додааст, ки дар ҳавзаи Зарафшон, як дарёи бузурги Тоҷикистон, барфҳои мавсимӣ тақрибан об шудаанд. Ин танҳо як падидаи табиӣ нест, балки пайомадҳое дорад, ки сабаби ранҷ кашидани мардуми одӣ дар ҳавзаи ин дарё мешавад.
Як мунаққиди тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистонро дар Русия ба 21 сол зиндон маҳкум карда, ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ додаанд.
Расонаҳои Беларус аз сафари ҳайати Толибон хабар доданд ва акси онҳоро нашр намуданд. Вале пас аз чанде ҳамаи ин хабарҳо ва аксҳо пок карда шуданд.
Хабарҳои пароканда дар бораи эҳтимоли "мобилизатсия" ё сафарбарии умумӣ ба артиш дар Русия бархеро барои тарки ин кишвар маҷбур кардааст. Дар пайи басеҷи соли 2022, дар моҳҳои аввали таҷовузи Русия ба хоки Украина, садҳо ҳазор нафар аз Русия фирор карда буданд. Ҳоло чӣ?
Бозори Рузвай дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, дар наздикии сарҳад бо Афғонистон, ду ҳафта боз баста аст. Мақомот расман шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ ин тасмимро ба вазъи амниятӣ вобаста донистанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки пас аз се сол маълум кардааст, ки калонтарин бозори масолеҳи бинокорӣ ва сохтмонии шаҳри Ҳисорро “қасдан оташ задаанд.”
Пораи шеъри маъруф, ки тақрибан дар ҳама маросимҳои издивоҷ дар Тоҷикистон садо медиҳад, бозгӯи духтарбезорӣ дар ҷомеа дониста мешавад.
Гурӯҳе аз Афғонистониён дар Душанбе ёдбуди Ҳасиби Панҷшериро баргузор карданд.
Русия шаби гузашта ба як маркази савдо дар шаҳри Кривой Роги Украина ҳамла кардааст, ки дар пайи он 16 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Қазияи шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки бо вуҷуди давраи табобати бемории рӯҳӣ ва он ҳам пас аз куштор, аз Амрико ба Тоҷикистон фирор кардааст, баҳсҳоеро дар он кишвар барангехт. Ин ҳодисаро дар Амрико як далели дурустии сиёсати президент Доналд Трамп меноманд.
Ёфтҳои бештар