Ҳамагӣ чанд соат пас аз поёни интихоботи порлумонӣ дар Сербистон, Александр Вучич, президенти акнун собиқ ва яке аз симоҳои асосӣ дар саҳнаи сиёсии ин кишвар, эътироф кард, ки ҳизби ӯ аз ҳаракатҳои сиёсии зери назари донишҷӯёни эътирозгар ноком шудааст.
Як хонавода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз шеваи таҳқиқи марги падарашон норозиянд. Исмоилҷон Яъқубови 74-сола дар оғози моҳи октябр аз ҷониби ҳамсараш, Гулхумор Маҳмудоваи 49-сола, бо чандин зарби корд кушта шудааст.
Сарнавишти як бабри барфӣ аз Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ дар борааш аввали моҳи октябр гузориш дод, воқеиятҳои талхи зиндагии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия дар Инстаграм барҷаста кард.
Дар ҳоле ки чанд ниҳоди молии байнулмилалӣ пуштибонии худро аз сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон баён доштанд, иҷрои ин тарҳи бозмонда аз шӯравии собиқ як қадами дигар ба воқеият наздиктар шудааст.
Як сокини ноҳияи Деваштичро дар вилояти Суғд бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсараш 5,6 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум карда, ҳамзамон бар асоси қонуни афв қариб ду соли онро “бахшидаанд”. Пештар додситон ба Муҳаммадзубайр Абдулфайзов ҳашт сол ҳабс талаб карда буд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар соҳили кӯли Валдай дар паси девору чораҳои сахти амниятӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамагӣ чанд километр дуртар ҳамсояҳои ӯ дар дунёи комилан дигаре ба сар мебаранд.
Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина ошкор кардааст, ки Русия танҳо дар нуҳ моҳи охир бо ваъдаву фиреб ё зӯр 1400 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷанги зидди ин кишвар ҷалб кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон пас аз тақрибан як ҳафта сукут бо нашри гузорише ҷузъиёти чӣ гуна рабуда шудани тифли навзодро аз як таваллудхона дар маркази Душанбе шарҳ доданд.
Як созмони байнулмилалӣ ҳукми зиндони Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро дар Душанбе ба шиддат танқид кардааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостааст, президенти Украина Владимир Зеленскийро ба гуфтушунид барои поён додан ба ҷанги васеъмиқёси Русия алайҳи Украина ҳамроҳ накунанд. Вай рӯзи 19-уми октябр дар изҳороте азми Зеленскийро барои расидан ба созиши сулҳ зери шубҳа гузошт.
Ёфтҳои бештар