Мақомот аз 33 оила дар деҳаи Бедиҳои Нуробод талаб кардаанд, ки ҳарчи зуд хонаву дари худро холӣ карда, барои идомаи зиндагӣ ба шаҳри Турсунзода ва минтақаҳои дигар кӯчанд. Ин деҳа то моҳи августи соли 2027 ба гӯшае аз обанбори нерӯгоҳи азими “Роғун” табдил хоҳад ёфт.
Баъзе аз сокиноне, ки аз шаҳри ишғолшудаи Олешкии Украина берун шудаанд, дар бораи гуруснагӣ, нархҳои осмонии маводи ғизоӣ ва таҳдиди сарбозони рус қиссаҳои зиёд доранд. Онҳо мегӯянд, дар иҳотаи майдонҳои мина рӯзгори риққатоваре доштанд.
Тоҷикистон мехоҳад, ки муҳоҷирони корияш ба таври дастҷамъӣ танҳо ба як кишвар нараванд. Дар қонуни нав “Дар бораи муҳоҷират” аз давлати мушаххасе ном бурда нашуда, вале дар он таъкид гаштааст, ки Тоҷикистон “вобастагии муҳоҷират аз давлатҳои алоҳида”-ро коҳиш хоҳад дод.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 28-уми октябр ба хабарнигорон гуфт, ки раҳбарони Украина ва Русия "ба зудӣ" мулоқот хоҳанд кард. Доналд Трамп замон ва ҷойи мулоқоти эҳтимолиро ошкор накард, аммо афзуд, "метавон ба пешрафти зиёд ноил шуд".
Дар 35 соли охир, аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то кунун, беш аз 4 миллиону 700 ҳазор зодаи Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Баъзе аз коршиносон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ кор, даромад ва имтиёзу ёриҳои давлатиро аз сабабҳои асосии ин раванд номбар карданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, фолбинҳо, шахсони ба ном мулло, фоҳишаҳо ва муштариёну наздикони онҳо ва ҳам гирифторони маводи мухаддирро дар як махзани маълумот гирд оварда, онҳоро зери назорати махсус мегирад.
Дар як наворе, ки Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми октябр дастрас кард, обу шағал аз як нақби нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба поён рехта, чанд нафар зери хоку сангреза мондаанд.
Мақомоти Эрон ва се кишвари узви як паймони дифои минтақаӣ тасмим гирифтаанд, ки пас аз нишасти нахустини худ дар Теҳрон гуфтушунидҳоро идома диҳанд. Дар ин бора телевизиони давлатии Эрон хабар дод.
Афву озодии баъзе аз рӯзноманигорони зиндонӣ мушкили таъқибҳои сиёсӣ ва маҳдудияти озодии баёнро дар Тоҷикистон аз байн набурдааст. Расонаҳои мустақил ва созмонҳои иҷтимоӣ ҳамоно зери фишор ҳастанд ва сабабгорони поймоли ҳуқуқи одамон амалан беҷазо мемонанд.
Ёфтҳои бештар