Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), созмони байнулмилалии ҳомии озодии баён, номи 33 нафар, аз ҷумла раҳбарони чандин кишварро ба рӯйхати, ба гуфтааш, "дарандагони озодии баён" ворид кардааст. Ин феҳраст рӯзи 2-юми ноябр нашр шуд.
Нерӯҳои Русия рӯзи дувуми ноябр бо ҳамла ба як мактаб дар вилояти Запорожйеи Украина, ки дар онҷо ёриҳои башардӯстона тақсим мешуд, ба камияш 29 касро куштаанд. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский онро “разилона” хонд.
Пайкар ё ҷасади як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, дар зодгоҳаш, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба хок супурдаанд. Диловар Ҷафоев 41 сол дошт.
Ширкати "Барқи Тоҷик", ки масъули таъмини беш аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ аст ва онро метавон дили иқтисоди кишвар номид, соли 2025 аз фоидаи холиси 2 миллиарду 450 миллион сомонӣ ё тақрибан 265 миллион доллар гузориш дод.
Дар ҳоле ки раҳбарони Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қибриси Шимолӣ сари дасторхон ҳозир буданд, аз Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва яке аз ҳампаймонҳои наздиктарини Эрдуғон, дараке набуд.
Дар Эрон пули миллӣ беқурбтару нархҳо гаронтар шудаанд ва сокинони ин кишвар дар харидани хӯрок, иҷораи манзил ва пардохти пули таҳсил сарфаҷӯйӣ мекунанд.
Гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик дар маҳбаси шаҳри Волгогради Русия мегӯянд, зиндонбонҳо онҳоро сахт зери фишор қарор додаанд, то бо артиши Русия қарордод имзо кунанд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки ба маҳбасҳои ватани худ интиқол дода шаванд.
Майк Помпео, вазири пешини умури хориҷии Амрико, мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин барои поён додан ба ҷанг дар Украина ҳеч майл нишон надодааст.
Олимҷон Бердиеви 35-сола аз шаҳри Ҳисор, ки дар Вологорад кору зиндагӣ мекард, вале тақрибан як сол боз беному нишон буд, дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст.
Ёфтҳои бештар