Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи динии мардум танқид кардааст. Ин созмон гуфтааст, ки таназзули озодиҳои мазҳабӣ соли гузашта низ дар Тоҷикистон идома дошт.
Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) гузориши нави “Ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон”-ро нашр кард ва дар он вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро нигаронкунанда номид.
Тоҷикистон эълом дошт, ки соли 2017 дар кишвар тақрибан ду ҳазор масҷид баста шуд. Ба иддаои масанбдорон, фаъолияти аксари масоҷид бо талаби мардуми маҳаллӣ қатъ карда шудааст.
Озодиҳои академӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор дорад ва ҷомеаи илмии байнулмилалии илмиро зарур аст ҳукумати Тоҷикистонро барои коҳиши фишор ба олимон моил созад.
Тоҷикистон дар феҳрасти 29 кишваре ҷой гирифт, ки дар давоми даҳ соли ахир бо рукуди шадиди озодиҳои сиёсӣ рӯбарӯ шудааст.
Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) фасоди молӣ ё коррупсияро дар баробари фақр аз мушкили аслии Тоҷикистон ном бурдааст.
Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар ВМБК пешниҳод дорад, ки фаъолияти ин ҳизби мухолиф муваққатан боздошта шавад.
Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) гуфтааст, ки вакилони дифоъ дар Тоҷикистон ҳангоми иҷрои масъулиятҳои касбии худ гоҳе “озору азият, муҳокима ва зиндонӣ мешаванд”. Гузориши махсус роҷеъ ба Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи касбии вакилони мудофеъ (26-уми май) нашр шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамсари Бузургмеҳр Ёров -- адвокати зиндониро даъват карда ва дар робита ба парвандаи нави ӯ ва мавзӯи вакили мудофеъ, сӯҳбат кардааст.
Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте аз ҳукми адвокатҳо - Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов - ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Ин созмон гуфт, ки мурофиаи вакилони дифоъ "амалан пӯшида" сурат гирифтааст.