Аз 7 то 21 октябри имсол дар шаҳри Флоренсияи Итолиё намоишгоҳи наққошиҳои рассоми тоҷик Фаррух Неъматзода баргузор мешавад.
Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд.
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо як муҳаққиқи таърихи ислом, аз ҷумла, таърихи матову нассоҷӣ ва қолиҳо дар Осиёи Марказӣ.
Нависандаи англис Крис Аслан дар моҳи июни имсол китоби навашро бо номи "Кушодани гиреҳи "Роҳи абрешим" нашр кард.
Владимир Каримӣ, ҳунарпешаи операсарои тоҷик баъд аз беш аз сӣ соли иқомат дар Аврупо ба ватан баргашта, қасд дорад, дар Театри опера ва балети Тоҷикистон фаъолияташро идома диҳад. Ҷаноби Каримӣ муддате овозхони “Болшой Театр”-и Маскав буд.
Як шаҳрванди Эрон пас аз раҳоӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароит дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард.
"Раҳбарони Осиёи Марказӣ рӯйдодҳои охирро дар Русия, ки Кремл "ошӯби мусаллаҳона" номид, бо "ошуфтагӣ" истиқбол карданд ва акнун масъалае ҳаст, ки онҳо бояд дар борааш бештар фикр кунанд," – мегӯяд ходими илмии Маркази Карнегии Берлин Темур Умаров.
Президенти Чехия гуфт, бояд ниҳодҳои амниятӣ шаҳрвандони Русияро дар кишварҳои ғарб таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд. Петр Павел инро баҳои амалҳои вайронгаронаи Русия дар Украина номид, ки русҳо бояд пардохт кунанд.
Шукрулло Мирвайдуллоев, меъмори ҷавони тоҷик, се сол боз дар Вашингтон, пойтахти Амрико, кору зиндагӣ мекунад, аммо ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад, низ бетавофут нест.
Идомаи таҷовузи Маскав ба хоки Украина; маҳдуд шудани сафари мардон аз Русия ва таблиғот миёни муҳоҷирон барои рафтан ба ҷанг нигарониро дар миёни муҳоҷирони тоҷик зиёд кардааст. Онҳо мепурсанд, агар ба артиши Русия даъват шаванд, чӣ кор кунанд ва агар ба ҷанг раванд, онҳоро чӣ ҷазо интизор аст?
Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, ки солҳои ахир дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ахиран барои баргузории консерти асарҳояш дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ ба Душанбе омад.
Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милал , мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар доираи муаяйн вуҷуд дорад, аммо маҳдуду танзимшуда аст. Хонум Нозило 10 рӯз бо ҳадафи арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар поёни сафараш Радиои Озодӣ бо ӯ суҳбате анҷом дод.
Ёфтҳои бештар