Шукрулло Мирвайдуллоев, меъмори ҷавони тоҷик, се сол боз дар Вашингтон, пойтахти Амрико, кору зиндагӣ мекунад, аммо ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад, низ бетавофут нест.
Идомаи таҷовузи Маскав ба хоки Украина; маҳдуд шудани сафари мардон аз Русия ва таблиғот миёни муҳоҷирон барои рафтан ба ҷанг нигарониро дар миёни муҳоҷирони тоҷик зиёд кардааст. Онҳо мепурсанд, агар ба артиши Русия даъват шаванд, чӣ кор кунанд ва агар ба ҷанг раванд, онҳоро чӣ ҷазо интизор аст?
Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, ки солҳои ахир дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ахиран барои баргузории консерти асарҳояш дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ ба Душанбе омад.
Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милал , мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар доираи муаяйн вуҷуд дорад, аммо маҳдуду танзимшуда аст. Хонум Нозило 10 рӯз бо ҳадафи арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар поёни сафараш Радиои Озодӣ бо ӯ суҳбате анҷом дод.
Шоиру рӯзноманигори тоҷик ва яке аз тарафдорони эҳёи мактабаҳои тоҷикӣ дар Бухоро, Асад Гулзодаи Бухороӣ, рӯзи якуми апрел 88-сола шуд. Ӯ солҳои охир дар Амрико зиндагӣ мекунад, вале барои чопи китобу навиштаҳояш ба Бухорову Тоҷикистон меояд.
Қисмати дуввуми хотираҳои Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар нашр шуд.
Сафири Бритониё мегӯяд, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳақ доранд, танҳо шаш моҳ ва дар бахши кишоварзӣ дар кишвараш кор бикунанд. Тим Ҷонс шумораи дақиқи онҳоро нагуфт. Тахмин зад, ки эҳтимол "ҳазорҳо нафар" ҳастанд. Мегӯяд, баъзе аз муҳоҷирон аз Русия рафтаанд.
Муовини мудири Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико, Изобел Коулман, рӯзҳои 17-18-уми феврал дар Тоҷикистон буд. USAID яке аз кумакрасонҳои асосӣ ба Тоҷикистон аст.
“Аз Одаму Ҳавво” исми китобест, ки дар Фаронса бо забони тоҷикӣ нашр шуд. Муаллифаш рӯзноманигори ҷавон Зеварбону Рауфӣ аст. Ӯ чанд сол боз бо пайвандон, аз ҷумла падараш хабарнигор Зафари Суфӣ дар Аврупо зиндагӣ мекунад. Радиои Озодӣ бо Зеварбону Рауфӣ дар бораи китобу адабиёт суҳбат кард.
Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки бо нақшҳои баёдмонданӣ ва барномаҳои панду андарзияш маъруф аст, мегӯяд, ҷонибдори қонун “Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ” нест.
Як маркази адабӣ дар Душанбе китобҳои пурхонандаи ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ баргардон ва нашру паҳн мекунад. Абдуҷалили Амон, мудири Маркази “Хирад” мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҷуз китоби нависандаҳои дохилӣ ба асарҳои адибони хориҷӣ низ шавқ доранд.
Ҷанг дар Украина муносибати Маскавро бо Осиёи Марказӣ тағйир дод? Дар сурати шикасти Русия, Тоҷикистон ва ҳамсояҳояшро чӣ интизор аст? Фоида ва таҳдиди бештар аз кӣ мерасад: Аз Кремл ва ё аз Ғарб?
Ёфтҳои бештар