Шоир Ҷӯра Ҳошимӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, адабиёти бачаҳо бояд аз сиёсат ва маҳдудият орӣ бошад. “Дар мавзӯи Модару Ватан менависам. Бидуни ин номумкин аст. Дар бораи ҳукуматдорон шеър навиштан ба хотирам наомадааст,” -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.