Бино ба гузоришҳои гуногун, муҳоҷирати корӣ бо вуҷуди кумак ба хонаводаҳо ва пешрафти иқтисоди кишварҳои муҳоҷирфирист, як оқибати баде ҳам дорад ва он ҳам дастнигар ва ҳатто танбал шудани оилаҳо дар ватан аст.
Рӯзи 3-юми июл ҳунарманди маъруфи балети тоҷик Музаффар Бурҳонов 81-сола шуд. Ин ситораи ҳунар солҳои шӯравӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва шарики рақсиаш Малика Собирова балети Тоҷикистонро дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шӯҳратёр кардааст.
Фирӯз Баҳор, оҳангсози шинохтаи тоҷик, мегӯяд, аз онки Тоҷикистонро солҳои 90-ум тарк кард, пушаймон нест, чун дар хориҷ ҳам ҳунарашро идома дод ва барои тоҷикон ҳамчунон хидмат мекунад.
Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷик, китоби нави худро бо номи “Аҳриман” ва дар бораи хушунат дар хонавода нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, достон ба занон нерӯ хоҳад дод, ки ҳаёти худро ислоҳ кунанд ва ба хуб зистан идома диҳанд.
Як муҳаққиқи рус муҳоҷирони тоҷикро бо муҳоҷирони араб аз Марокаш муқоиса кардааст, ки солҳои 80-уми асри гузашта барои ёфтани ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи Фаронса ба мубориза шуруъ карданд.
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохтаи тоҷик, ки 4-уми июн бозпурсӣ шуд ва ба гуфтааш "се шаппотӣ ва як мушт хӯрд", мегӯяд, аз мақомоту созмонҳои рӯзноманигорӣ вокуниши расмӣ нагирифт, вале аз навиштаҳои баъзе хабарнигорону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳбаланд шуд.
Муаллифи «Падари маҳтобӣ» пас аз бемории сангине дар 49-солагӣ дар шифохонаи «Шерите»-и Берлин даргузашт ва дар оромгоҳи Тегели маркази Олмон дафн карда шуд.
Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар бораи вазъи амниятии минтақа, ҳодисаҳои Бадахшон ва мушкили хабарнигорон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бовар дорад, мақомот дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон пойи ӯро кашидаанд, то ба гуфтааш, амалкардҳои худро ҳукми қонун бахшанд.
Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики муқими Самарқанд, ки солҳои охир навиштаҳояш дар блоги “Герби Шердор” ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорону мухолифони худро дорад, тақрибан сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчидааст.
Сафорати Амрико хабар дод, ки аз моҳи октябри имсол ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад.
Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст. Мақомот ҳар рӯз дар бораи афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале сокинон бо нашри наворҳо аз вуҷуди “сарбозшикор” ё “облава” мегӯянд.
Ёфтҳои бештар