Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷик, китоби нави худро бо номи “Аҳриман” ва дар бораи хушунат дар хонавода нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, достон ба занон нерӯ хоҳад дод, ки ҳаёти худро ислоҳ кунанд ва ба хуб зистан идома диҳанд.
Як муҳаққиқи рус муҳоҷирони тоҷикро бо муҳоҷирони араб аз Марокаш муқоиса кардааст, ки солҳои 80-уми асри гузашта барои ёфтани ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи Фаронса ба мубориза шуруъ карданд.
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохтаи тоҷик, ки 4-уми июн бозпурсӣ шуд ва ба гуфтааш "се шаппотӣ ва як мушт хӯрд", мегӯяд, аз мақомоту созмонҳои рӯзноманигорӣ вокуниши расмӣ нагирифт, вале аз навиштаҳои баъзе хабарнигорону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳбаланд шуд.
Муаллифи «Падари маҳтобӣ» пас аз бемории сангине дар 49-солагӣ дар шифохонаи «Шерите»-и Берлин даргузашт ва дар оромгоҳи Тегели маркази Олмон дафн карда шуд.
Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар бораи вазъи амниятии минтақа, ҳодисаҳои Бадахшон ва мушкили хабарнигорон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бовар дорад, мақомот дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон пойи ӯро кашидаанд, то ба гуфтааш, амалкардҳои худро ҳукми қонун бахшанд.
Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики муқими Самарқанд, ки солҳои охир навиштаҳояш дар блоги “Герби Шердор” ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорону мухолифони худро дорад, тақрибан сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчидааст.
Сафорати Амрико хабар дод, ки аз моҳи октябри имсол ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад.
Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст. Мақомот ҳар рӯз дар бораи афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале сокинон бо нашри наворҳо аз вуҷуди “сарбозшикор” ё “облава” мегӯянд.
Режими ҳокимро дар Тоҷикистон чӣ биномем? Чаро Русия ба Украина ҳамла кард? Сукути Душанбе баёнгари чист? Мили танкҳои Маскав ба куҷо мегардад? Хабарнигорони Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз коргардони шинохта ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, Барзу Абдураззоқов, пурсиданд.
Русия 24 феврали имсол ба хоки Украина ҳуҷум кард. Маскав онро "амалиёти вижаи ҳарбӣ" медонад, аммо хабарҳо баёнгари як буҳрони амиқи башарӣ ҳастанд. Даҳҳо бинои истиқоматӣ, бемористону театр бомбаборон шуда, беш аз се миллион нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дигарон дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд.
Урун Кӯҳзод, нависандаи халқӣ ва муаллифи романи “Ҳайҷо”, мегӯяд, бозори адабиёт дар Тоҷикистон касод шудааст ва ба сабаби набудани минбару майдон дигар эҷод намекунад. Ӯ рӯзи 15-уми март 85-сола мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин баҳона бо нависанда суҳбат кард.
Ёфтҳои бештар