Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бовар дорад, мақомот дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон пойи ӯро кашидаанд, то ба гуфтааш, амалкардҳои худро ҳукми қонун бахшанд.
Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики муқими Самарқанд, ки солҳои охир навиштаҳояш дар блоги “Герби Шердор” ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорону мухолифони худро дорад, тақрибан сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчидааст.
Сафорати Амрико хабар дод, ки аз моҳи октябри имсол ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад.
Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст. Мақомот ҳар рӯз дар бораи афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале сокинон бо нашри наворҳо аз вуҷуди “сарбозшикор” ё “облава” мегӯянд.
Режими ҳокимро дар Тоҷикистон чӣ биномем? Чаро Русия ба Украина ҳамла кард? Сукути Душанбе баёнгари чист? Мили танкҳои Маскав ба куҷо мегардад? Хабарнигорони Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз коргардони шинохта ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, Барзу Абдураззоқов, пурсиданд.
Русия 24 феврали имсол ба хоки Украина ҳуҷум кард. Маскав онро "амалиёти вижаи ҳарбӣ" медонад, аммо хабарҳо баёнгари як буҳрони амиқи башарӣ ҳастанд. Даҳҳо бинои истиқоматӣ, бемористону театр бомбаборон шуда, беш аз се миллион нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дигарон дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд.
Урун Кӯҳзод, нависандаи халқӣ ва муаллифи романи “Ҳайҷо”, мегӯяд, бозори адабиёт дар Тоҷикистон касод шудааст ва ба сабаби набудани минбару майдон дигар эҷод намекунад. Ӯ рӯзи 15-уми март 85-сола мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин баҳона бо нависанда суҳбат кард.
Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар як соли охир дар матбуот кампайдо буд, сабаби истеъфояшро шарҳ дод. Раҳматилло Зоиров ҳамчунин андешаҳояшро дар бораи ҷанг дар Украина, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар гуфт.
Ҷумъабой Сангинов, пизишк, муовини пешини раиси Суғд ва вакили собиқи порлумони Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми феврал ба синни 70 расид, баъзе ҷузъиёти зиндагиву кори худ ва музокироти марзӣ бо Қирғизистонро ошкор кард.
Қосимҷомарт Тоқаев бори аввал ба таври расмӣ ва бепарда президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро танқид кард, ки ба гуфтааш, "дар аҳди ӯ як гуруҳ фавқулода сарватманд шуданд".
Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, вазъи театрҳои Тоҷикистонро нигаронкунанда ва буҳронӣ хонд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз барои ба саҳна гузоштани намоишномаҳо ба Узбекистону Қазоқистон меравад, аммо барои кор дар театрҳои кишвар даъвате нагирифтааст.
Дар Тоҷикистон "16 рӯзи мубориза бо хушунат ба зидди зан" поён ёфт. Дар ин рӯзҳо мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои боло бурдани огаҳӣ дар бораи оқибатҳои зулму ситам ба зан чорабиниву маъракаҳое баргузор мекунанд. Радиои Озодӣ ин масъаларо бо равоншинос Нигина Мамадҷонова ва рӯзноманигору фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар миён гузошт.
Ёфтҳои бештар