Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" аз Русия намояндагӣ мекунад, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт.
Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз тақрибан сӣ сол узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст.
Аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ду ҳафта сипарӣ шуд ва ҳоло оромӣ дар марз ҳукмфармост. Вале баҳсҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи пайомадҳои муноқиша ва сабабҳои он идома дорад, ки ҷанг бо айби кӣ сар зад.
Фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфт, ки агар Толибон бо зӯр ҳукуматро бигиранд, Иёлоти Муттаҳида онро намепазирад ва дар канори ҳукумати Кобул хоҳад истод.
Рӯзи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озодии баён ё як ҳаққи бунёдии инсон таҷлил мешавад. Созмонҳои зиёде солҳои охир мегӯянд, дар Тоҷикистон мардум аз ин ҳаққи худ маҳруманд ва ё ҳукумат ин ҳаққи онҳоро маҳдуд кардааст ва ё риоят намекунад.
Ҷӯрабек Набиев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати вилояти Суғд қарори таҷлил аз 80-солагии ӯро қабул карда, вале ба далели бемории ҳамагир ҳанӯз санаву маҳалли баргузории онро дақиқ нанамудааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) чанд рӯз пеш хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд.
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохта ва бунёдгузори театри “Ойина”, мегӯяд, ҳоло сухану фикри тозаеро дар ҳаҷви тоҷик намебинад, аммо ба ояндаи беҳтари он умедвор аст.
Мир Мафтун, овозхони шинохтаи афғонистонӣ, ки бештар таронаҳои мардумӣ иҷро мекунад, барои таҷлил аз иди имсолаи Наврӯз ба Тоҷикистон омадааст. Вай мегӯяд, соли гузашта ба сабаби густариши бемории ҳамагир сафараш ба Тоҷикистон лағв шуда буд.
Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), рӯзноманигор ва адиби муқими Ҳолланд, мегӯяд, баъд аз суҳбаташ дар бораи ҳуқуқи занони тоҷик мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифта, ҳатто ба қатл таҳдид шудааст. Мусоҳибаи ӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми март нашр шуда буд.
Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, дар як суҳбати ихтисосӣ дар бораи китоби наваш – "Бозгашт ба Бухоро" – суҳбат кард, ки чанде пеш бо забони англисӣ нашр шуд. Дар бораи ҳуқуқи занони тоҷик низ гуфт, ки ба қавли ӯ гоҳо чун каниз истифода мешаванд.
Чаро нархи билети парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон гарон аст? Пандемия ба ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар чӣ таъсир дошт? Оё "Сомон Эйр" монополисти соҳа аст?
Ёфтҳои бештар