Хирсе бо номи Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.
Раҳимқул Малахбеков, муштзани маъруфи тоҷик, ки тӯли ду даҳсола дар Русия кору зиндагӣ кардааст, дар талоши таъсиси мактаби вижаи муштзанӣ ё бокс дар ватанаш - Тоҷикистон аст.
Дар як албоми хабаргузории Reuters се акси аккоси тоҷик Нозим Қаландаров ҷой гирифтаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ ва Амриддин Олимов ӯро бо ин дастовард табрик намуда, дар бораи таърихи ин аксҳо чанд суол карданд.
Ҳурӣ Исҳоқова-модари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, писараш ҳеҷ гуноҳе надорад ва ба касби худ-вакили мудофиа содиқ аст. Бузургмеҳр Ёров меҳои гузашта боздошт шуд. Ӯ бо як силсила ҷиноятҳои вазнин муттаҳам мешавад, вале ба қавли тарафдоронаш Ёровро барои мудофиаи ҳизби наҳзати исломӣ муҷозот кардаанд.
Дар поёни рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон сафири ИМА Сюзан Эллиотт ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.
Фарзонаи Хуршед дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" ҷоиза барои беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон ва Фаридуни Хуршед ҷоиза барои беҳтарин овозхони мард аз ин кишварро соҳиб шуданд.
Ориёно Саид, ки дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" беҳтарин овозхони зан аз Афғонистон эълон шуд, мегӯяд, орзуи дидани Тоҷикистонро дорад ва ошиқи садои Садриддини Наҷмиддин аст.
Вазири собиқи хоҷагии об ва намояндаи Шӯрои олии Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки дар Душанбе муҷассамаи Эмомалӣ Раҳмонро гузошта, ӯро такрорӣ Қаҳрамони миллии Тоҷикистон эълон кунанд.
Марям Давлатова ҷомеашиноси тоҷик бо нашри китобе мегӯяд, таълими мавзӯи ҳуввияти миллӣ аз хона шурӯъ мешавад.
Дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Сарвинози Руҳуллоҳ духтаре бо номи Дирафрӯз, ки бо саҳмияи президентӣ аз ноҳияи Шаҳристон барои таҳсил ба Душанбе омадааст, таассуроташ аз аввалин зиёрати пойтахти Тоҷикистонро қисса кард.
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Марат Орипов мегӯяд, ӯ доимо орзу дошт, нақри Умари Хайёмро офарад. Дар арафаи таҷлили ҳаштодсолагии ин устоди синамои тоҷик хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ аз ӯ посухи чанд суолро ҷӯё шуд.
Дар як сӯҳбати вижа бо хабарнигорони Радиои Озодӣ Сарвинози Руҳуллоҳ ва Амриддин Олимов Маҳмадулло Лутфуллоев-муаллифи "Алифбо"-и тоҷикӣ гуфт, ки дар арафаи ҷашни сисолагии ин асар ӯ дар фикри таҳияи нашри нави ин китоб аст.
Ёфтҳои бештар