Асламшоҳ Султоншоев, омӯзгоре, ки беш аз даҳ руз боз барои "гӯшмол"-и як шогирдаш аз корбарони Интернет гап мешунавад, чунин бархӯрди худро шарҳ дод ва гуфт, ин кораш барқасдона набуд.
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ин минтақаро барои таблиғ ва ҷалбу гусели шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб мегӯяд, ин шаҳрванд ҳангоми убури марзи Русия бо Украина дастгир ва истирдод шудааст.
16-уми октябр дар ҳоле, ки синамогарони тоҷик иди касбиашонро ҷашн мегирифанд, хабарнигорони Радиои Озодӣ аз раиси Иттиҳоди синамогарони тоҷик Сафар Ҳақдодов дар бораи вазъи имрӯзаи синамои тоҷик суол карданд.
Раҳбари намояндагии Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ ждар Тоҷикистон Виорел Гутсу мегӯяд, муқоиса низомӣ колхозӣ бо бозори озоди иқтисодӣ маънӣ надорад. Ба гуфти номбурда соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз имконоти бузург бархурдор аст, ки бояд истифода шавад.
Гуфтугӯ бо Бахтовар Сафаров, вакили парлумони Тоҷикистон дар робита бо шадидтар шудани муҷозоти танфурӯшон дар Тоҷикистон.
Дар ҷавоб шикояти баъзе наваскарон сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, ҳозир намудани ҷавонони фирорӣ ба комиссариати ҳарбиро қонун муайян кардааст. Дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Умеди Назар сарҳанг Маҳмадалиев дар ин бора тафсилот дод.
Толибони афғон изҳороте пахш намуда, таҳдид кардаанд, ки телевизионҳои маҳаллии афғонро ҳадафи ҳамлаҳояшон қарор медиҳанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шореҳи Радиои Афғонистони Озод Султон Сарвар дар ин бора тафсилот дод.
Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ки аз як амали террористии мудҳиш дар шаҳри Маскав ҷилавгирӣ карданд. Дар робита ба ин ҳодиса гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз даҳ нафар ва аз ҷумла чанд шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, боздошт шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Умед Бобоматов мавзӯъро пайгирӣ кардааст.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон ба марказии тиббии "Пойтахт-90", ки ба ҳамин зудиҳо мавриди истифода қарор мегирад,иҷозат додаанд, баъзе навъҳои таҷҳизотро бидуни пардохти андозу боҷи гумрукӣ ворид намояд. Дар ин бора Шаҳлои Гулхоҷа тафсилот додааст.
Вокуниши хашини давлатҳои асосан суннимазҳаби Ховари Миёна ба бомборони мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия метавонад нуфузи Маскавро дар ин минтақа сахт коҳиш диҳад. Дар ин бора шореҳи Радиои Озодӣ Чарлз Рекнегел тафсилот додааст.
Шореҳи маркази Карнегии Маскав Алексей Малашенко мегӯяд, зоҳиран Президенти Тоҷикистон мувофиқат хоҳад кард, ки кишвараш кумакҳои низомии Русияро дарёфт намуда, дар муқобил узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро бипазирад.
Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шореҳи умури сиёсӣ Абдуллоҳ Раҳнамо гуфт, ки нооромии Афғонистон ҳамсоя масъалаи амниятро ба мадди аввал баровардааст. Ин сӯҳбат дар ҳошияи нишасти байналмилалӣ доир шуд, ки ба манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.
Ёфтҳои бештар