Баъди таваққуфи якрӯза рӯзи ҳафтуми сентябр бозорҳои бузурги Душанбе дарҳояшонро ба рӯи муштариён боз намуданд, аммо нархҳо назар ба рӯзҳои пеш каме болотар будаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ, ки бо коршиносон сӯҳбат кардааст, мегӯяд, болоравии нарх муваққатист.