Рӯзи чоршанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон Навоз Шарифро ба ҳузур пазируфт. 6 июл дар Душанбе қарор аст мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон баргузор шавад.
Эрон Амрикоро муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо баҳонаи дурӯғин ҷанг дар Сурияро шиддат бахшад. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон навишт, ки таҳдиди Амрико ба Сурия, ба нафъи гурӯҳи Давлати исломӣ мешавад.
Шореҳи умури Ӯзбекистон дар Радиои Озодӣ Сироҷиддини Ислом мегӯяд, вақтҳои ахир Ӯзбекистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқу оби Роғун хомӯширо ихтиёр кардааст, ки дар муқоиса бо мухолифатҳои қаблӣ тағйири мавқеъ мебошад.
Рӯзи сешанбе вазири мудофиаи ИМА Ҷим Маттис ба аъзои Конгресс гуфт, ки Амрико дар Афғонистон комёб нест. Ӯ таъкид кард, ки то миёнаҳои моҳи июл стратегияи наве барои Афғонистон пешкаши вакилони мардумии ИМА хоҳад шуд. Дар ин бора шореҳи умури Осиё Аббоси Ҷаводӣ тафсилот додааст.
Мусоҳиба бо Мардо Соғом-раҳбари минтақавии Радиои Озодӣ.
Рӯзи якшанбе раъйдиҳандагони Туркия дар бораи назархоҳии конститутсионии ин кишвар овоз хоҳанд дод. Пешбинӣ мешавад, ки Туркия аз ҷумҳурии парламентӣ ба президентӣ табдил ёбад. Ин тағйир ба Туркия чӣ медиҳад? Дар ин бора сӯҳбатеп доштем бо Аббоси Ҷаводӣ-мудири минтақавии Радиои Озодӣ.
15-уми март дар Ҳолланд раъйдиҳандагон дар интихоботи парулмонӣ ширкат доранд. Ин интихоботро бисёриҳо як имтиҳони нав дар сиёсати авҷгирандаи зиддимуҳоҷират ва сиёсатмадорони популисти он арзёбӣ мекунанд.
Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, барканориаш аз қудрат дар соли 2010-ро “табаддулоти мусаллаҳона” номид. Боқиев баъди қиёмҳои мардумӣ ба Белорус гурехт.
Мудири Радиои Машъал Муҳаммадамин Мудаққиқ бо ишора ба нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Исломобод мегӯяд, танҳо бо нияти неки раҳбарон ҳамкорӣ рушд нахоҳад кард. Ба қавли номбурда нигарониҳои амниятӣ монеаи асосии пешрафти ҳамкориҳои минтақа аст.
Додситонии кулли Афғонистон дастури боздошти 9 тан аз муҳофизон ва наздикони генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури он кишварро содир кардааст. Додситонии кулли Афғонистон мегӯяд, ки ин афрод ба бадрафторӣ ба Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон муттаҳам дониста мешаванд.
Дирӯз мақомоти Туркия гуфтанд, ки гумонбари ҳамла дар клуби Рейнаи Истанбулро боздошт кардаанд. Шаҳрванди 34-солаи Узбекистон Абдуқодир Машарипов бо даст доштан дар куштори 39 нафарро дар шаби соли нав эътироф кардааст. Таъсири ин ҳодисаро Аббоси Ҷаводӣ шарҳ медиҳад.
Рӯзи чоршанбе Имороти Муттаҳидаи Араб тасдиқ кард, ки дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон 5 дипломати Имороти Муттаҳидаи Араб кушта шуданд. Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар назди бинои парлумони Афғонистон 2 таркиши дигар ба амал омад, ки беш аз 30 нафар кушта ва 80 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ёфтҳои бештар