Додситонии кулли Афғонистон дастури боздошти 9 тан аз муҳофизон ва наздикони генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури он кишварро содир кардааст. Додситонии кулли Афғонистон мегӯяд, ки ин афрод ба бадрафторӣ ба Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон муттаҳам дониста мешаванд.