Ҳафтаи равон муфтии Арабистони Саудӣ гуфт, "эрониҳо мусалмон нестанд", танишҳо миёни Риёз ва Теҳронро бештар кардааст. Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар вокуниш гуфт, ки исломи эрониён шабоҳате бо ифротгарии "муфтии ваҳҳобӣ"-и Арабистони Саудӣ надорад.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шиносномаи онҳо дар ҳамлаи интиҳории сафорати Чин дар Бишкек истифода шудааст, дар Сурия қарор доштаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Бобоҷонов Фирдав ва Халилов Зоир ҳоло дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд.
Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раиси ҷумҳури Узбакистон, дар саҳифаи расмии Фейсбукаш бо забонҳои русӣ, узбакӣ ва англисӣ иттилоъ дод, ки падараш аз сактаи мағзӣ азият мекашад. Бемории президенти Узбакистон суолҳо дар бораи вориси тахти раёсатҷумҳурии ин кишварро матраҳ намудааст.
Евгений Белендир, мудири кулли "Институти гидропроект"-и Маскав, ба тобовар будани нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба зилзилаҳои шадид таъкид кард. Белендир солҳо боз дар бораи сарбандҳои бузург дар минтақа пажӯҳиш анҷом медиҳад.
Владимир Машко - мураббии гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров - мегӯяд, шогирдаш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро фавқулодда ҳунарнамоӣ кард ва натиҷаи ба дастовардаи ӯ, бештар аз интизори онҳо буд.
Субҳи имрӯз нерӯҳои Туркия бо ҳамкории паймони НАТО вориди хоки Сурия шуданд ва дар онҷо амалиёти низомиро оғоз карданд.
Ҳафтаи гузашта Президенти Қирғизистон созиши сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишварро, ки мебоист аз сӯи Русия татбиқ шавад, лағв кард. Русия дар ҷавоб талаб кардааст, ки 37 миллион доллари то ин замон харҷ намудаасғшро баргардонанд.
Раҳбарони Русияву Туркия ваъда доданд, ки равобити тираи ду кишварро, ки беш аз ним сол идома кард,тармим мекунанд ва ҳамкорӣ байни ду тараф дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ кӯмак хоҳад кард.
ар Душанбе дар як нишасти байналмилалӣ таҳдиди ифротгароии ҷавонон ба амнияти минтақаро баҳс карданд. Ширкатдорон гуфтаанд, талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз ифротӣ шудани ҷавонон чандон натиҷаи дилхоҳ надодааст. Ҳамкорамон дар Душанбе Сарвинози Руҳуллоҳ ин нишастро пайгирӣ кард.
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд."
Вазири умури хориҷии Амрико дар як нишасте бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ ваъда дод, ки Иёлоти муттаҳида барои рафъи хатарҳои амниятӣ ва рушди иқтисод ба ин минтақа кӯмак мекунад. Натиҷаҳои нишастро ҳамкорамон Тоҳири Сафар бо шореҳи Радиои Озодӣ Брюс Панир баҳс кардааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки талоши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ, заъфи хадамоти кашфро ошкор кард. Ӯ дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерс гуфт, барои ҳамин ба зудӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ислоҳот раҳандозӣ мекунад.
Ёфтҳои бештар