Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд."
Вазири умури хориҷии Амрико дар як нишасте бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ ваъда дод, ки Иёлоти муттаҳида барои рафъи хатарҳои амниятӣ ва рушди иқтисод ба ин минтақа кӯмак мекунад. Натиҷаҳои нишастро ҳамкорамон Тоҳири Сафар бо шореҳи Радиои Озодӣ Брюс Панир баҳс кардааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки талоши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ, заъфи хадамоти кашфро ошкор кард. Ӯ дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерс гуфт, барои ҳамин ба зудӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ислоҳот раҳандозӣ мекунад.
Дар як мусоҳибаи хос бо Радиои Озодӣ модари тифли рабудашуда тасдиқ кард, ки муддате дар як корхона бо зани муттаҳам бо кӯдакрабоӣ кор кардааст.
Моҳи август дар шаҳри Ню-Йорк озмуни «Шоистатарин духтари Созмони милали муттаҳид» натиҷагирӣ мешавад ва Шаҳнози Эроншоҳ як намояндаи Тоҷикистон ҳам ба марҳилаи ниҳоии он роҳ ёфтааст. Шаҳноз дар сӯҳбате гуфт, ҳеҷ гоҳ асли худро фаромӯш накардааст ва намекунад.
Дар пайи табаддулоти нокоми Туркия мақомоти ин кишвар даҳҳо ҳазор нафарро аз аз мансаб сабукдӯш ва ё боздошт намудаанд. Наваду нӯҳ генерал ба даст доштан дар талош барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуданд.
Охири ҳафтаи гузашта хабарнигорони Озодӣ Абдулло Ашӯров ва Шаҳлои Гулхоҷа дар Истанбул шоҳиди табаддулоти нокоми низомиён шуданд. Ин ду хабарнигор ҷасурона меҳмонсарои худро тарк намуда, аз майдони Тақсим гузориш доданд. Ҳоло онҳо ба Прага омада, саргузашташонро ин гуна ба ёд меоранд.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, айни замон ҳеҷ барномае барои аз сар гирифтани музокироти сулҳ бо Толибон надорад.
Бо зиёдтар шудани теъдоди қурбониёни бархӯрд байни тазоҳугарон ва маъмурони пулис дар Кашмир, дабири кулли Созмони Милал Ҳинду Покистонро ба хештандорӣ даъват кард. Дар ин бора раиси Радиои Машъал Муҳаммадамин Мудаққиқ тафсилот додааст.
Намояндаи Кумитаи умури дин Ҳусейн Шокиров мегӯяд, ҲНИТ бар асоси ҳукми додгоҳ баста шудааст ва дар ин амал Кумитаи умури дин нақше надорад.
Мақомдорони Тоҷикистон мегӯянд, ахбори расонаҳои Туркия дар бораи даст доштани тоҷикон дар ҳамлаҳои Истанбул тасдиқ нашуд. Дар ин бора хабарнигори Озодӣ Мирзонабии Холиқзод тафсилоти бештар дорад.
Ёфтҳои бештар