Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ донишманди тоҷики муқими Маскав Тоҳир Қаландаров барномаи таълими забони русӣ ба муҳоҷиронро ёдовар шуд, ки муваффақияти зиёд надошт. Ӯ гуфт, аксари муҳоҷирон ширкати калисои Русия дар ин барномаро ҳамчун тарғиби дини насронӣ қабул карда, худро канор кашиданд.