Як сол пеш дар ҳамин рӯз дар Украина интихоботи президентӣ анҷом гирифт. Интихоботи президентии соли 2019 дар ин кишвар дар ду давр баргузор гардид.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари шинохтаи тоҷик, ки феълан дар Шветсия ба сар мебарад, ба чаҳор суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи коронавирус, нобоварӣ ба иттилои расмӣ, воҳимаи беморӣ ва роҳи ҳалли он посух додааст.
Шаҳрдори Душанберо имрӯзҳо таҷлили Рӯзи пойтахт бештар машғул медорад, ё иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ?
Ҳамон тавре интизор мерафт, дар қатори 24 нафари дигар аз вилоятҳо аз Душанбе писари Президенти Тоҷикистон бо аксарияти овозҳо узвият ба қабати болоии парлумонро соҳиб шуд.
Дар Душанбе мунтазиранд, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари шашрӯза аз шимоли кишвар бармегардад ва масъалаи коронавирус баъдан ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад шуд.
Таҳлилгарони мустақил мегӯянд, чунин тасмимҳо на ҳамеша санҷидашудаанд ва бештар маҳсули кори гуруҳҳои лоббигар мебошанд. Аммо ба андешаи коршиносони наздик ба ҳукумат, ин баёнгари азхудгузарии мақомот ва омода будани онҳо ба созиш аст.
Яке аз донишмандони маъруфи тоҷик мегӯяд, бовар дорад, ки ба ғайр аз инсон, ки ҳоло бо хатаре ба мисли бемории коронавирус рӯ ба рӯ шудааст, дар кайҳони бекарон махлуқоту мавҷудоти дигаре ҳаст.
Бино ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироят ёфтани одамон ба коронавирус сабт нашудааст. Вале мавзӯи баҳс дар бораи ин беморӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба гуруҳи "хушбинҳо" (оптимистҳо) ва "бадбинҳо" (пессимистҳо) тақсим кардааст.
Саволи беҷавоби президент Раҳмон: "Чӣ бояд кард, то насли нав ба илм рӯ биёрад?" посух дорад.
Вакилони "навтаъин" мегӯянд, агар онҳо ҳукуматро танқид кунанд, ҷомеа инро ҳамчун беэҳтиромӣ қабул мекунад.
Аслан соли 2008 ҳам Путин ҳеч куҷо нарафта буд. Танҳо барои чаҳор сол курсии президентиро ба Медведев ба орият супурд. Аммо ба сарвазир аз президент дида, ваколати бештар дод.
Ёфтҳои бештар