Имрӯз дар бораи сарбозе суҳбат мекунем, ки дар як воҳиди низомӣ дар ноҳияи Мурғоб фавтидааст. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯро шояд латукӯб карда, ба марг расондаанд, вале табибон гуфтаанд, Раҷабалӣ Назарови 19-сола бино бар авҷ гирифтани бемории гурда ва қалбаш дар ноҳияи баландкӯҳ ҷон додааст.