Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба даргоҳи Худо миннат нашавад", мо миллати миннатгузорем. Нестем?


Ёқуб Ҳалимов
Ёқуб Ҳалимов

Як ҳамватанамонро мешиносам, ки ҳар гоҳ ба таърифи корҳояш пардозад, суханро ин гуна оғоз мекунад: "Ба даргоҳи Худо миннат нашавад" ва сипас ба миннат кардан идома медиҳад.

"Ба даргоҳи Худо миннат нашавад, фалон сол ба фалонӣ қарз додам; ёриям ба беҳмадонӣ расидааст; фалонӣ чизе пурсид, додам" - ҳамин гуна гуфтор дорад он ҳамватан.

Аввалҳо ин гуфтор мояи истеҳзои ман буд. Баъдтар, ки бо одамони гуногун ҳамсуҳбат шудам, оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки миннатгузорӣ танҳо хоси он бандаи Худо нест. Ҳоло фарзияе дар зеҳнам мечархад, ки мо, тоҷикон, як миллати миннатгузор ҳастем. Андак кори савоби худро ба рӯйи ҳамдигар мекашем, таъна мезанем. Худ бехабар миннатгузориро ба як хислат (характер)-и миллӣ табдил медиҳем.

Ин андеша дар зеҳни ман аз кай пайдо шуд? Ним сол пеш ё бештар аз он яке аз рӯшанфикрони тоҷик дар Интернет суҳбат мекард ва тақрибан 20 дарсади гуфтаҳояш миннат ниҳодан бар дӯши як ҳаммилаташ буд, ки чӣ гуна даст ё “пой”-и ӯро гирифтаву аз гирдобе берун овардааст:

“Ман будам, ки ба фалонӣ кумак кардам, як коса об додам, як бурда нон додам. Ман будам, ки дасту пойи фалониро рост кардам. Ман будам, ки ба фалонӣ ҷойи кор додам, ман будам, ки нос додам… ман будам… ман будам… ман будам”.

Боварнакарданист тоҷике дар рӯи олам мавҷуд бошад, ки ин ибораҳоро аз ҳаммиллатонаш нашунида бошад. Ва ё худ ба забон наоварда бошад.

Навиштаи яке дигар аз зиёиёни миллатро дар ҳамин фазои Интернет хондам, ки ба марди мурдае аз ҳаммилаташ миннат мегузошт. Тақрибан чунин навишта буд, ки “фалон вақт бо раҳматӣ ба сафар рафтем ва сафархарҷияш кофӣ набуду ман барояш кумак кардам”.

Сад дареғ. Агар дар гузашта мардуми мо аз миннати дунон – пастфитратон – шикоят мекарданд, ҳоло ҳам пастфитрату ҳам баландфитрат миннат мегузорад. Шеъри Мавлоно Ҷомиро ҳатман дар хотир доред, ки гуфта буд, ба дандон рахна дар пӯлод кунеду ба нохун роҳ дар санги хоро буред, ба фарқи сар сад шутур бор ниҳеду ҷониби Макка давед, ба пилки дида оташпора чинед, аммо миннати пастфитратонро накашед.

Ба ин монанд ҳикояи дигаре дар китобҳо мавҷуд аст ба ин мазмун, ки марди сарватманде ба хашму итоби подшоҳи кишвар гирифтор шуд. Қозӣ ҳукми боздошту зиндонашро содир кард. Баъд аз ҳафтаҳову моҳҳо таҳқиқ он мард маҳкум ба қатл шуд. Марди сарватманд ғуломе дошт, ки дар муддати таҳқиқи аъмоли хоҷааш аз зери замин то зиндон нақб канд ва дар шабе, ки фардояш бояд ҳукм иҷро мешуд, нақб то зиндон расид. Ғулом хоҷаашро аз роҳи нақб берун бурд ва роҳравон сӯи манзили хоҷа гуфт:

- Хоҷаам, чӣ хуб шуд, ки ман нақб кандаму Шуморо наҷот додам.

- Бале, бисёр кори хуб кардӣ. Акнун ба ҷои дигар меравем ва дар амну амонӣ умр ба сар мебарем.

Чанд дақиқаи дигар роҳ рафтанд, ки ғулом дубора хидматашро миннат кард:

- Хоҷаам, ҳоло акнун ба дидори зану фарзандон мерасед. Ин ҳам бо шарофати хидмати ман-а?

- Бале, ғуломи бовафо, бо шарофати хидмати ту.

Ғулом масрур дар паҳлӯи хоҷааш мерафт. Каме дигар фосила монда буд то хонаи хоҷа, ки ғулом бори дигар даҳон ба миннат кушод:

- Хоҷаам, агар Шуморо наҷот намедодам, фардо қатл мешудед-а?!

Ин бор косаи сабри хоҷа лабрез шуд ва ба ғулом гуфт:

- Бирав, гум шав. Ман бармегардаму ба зиндон меравам қатлро қабул мекунам, аммо миннати туро то мурдан намебардорам.

Шахсоне, ки миннат мекунанд, оё худ боре дастнигари дигарон набудаанд? Ё имконоту васоил ва бениёзиашон азаливу абадӣ будааст? Бо фазли Худо як даврае зеҳн доштӣ, васоил доштӣ ба як фарзанди одам ёрӣ расонидӣ - акнун то қиёмат миннат мегузорӣ?

Ҳоло чӣ бояд кард, ки ин сифат аз миёни мо бардошта шавад ва ба як хосияти решадори миллӣ табдил нагардад? Шояд роҳи дурусти ҳал ин бошад, ки ҳар кӣ ба мо миннат кард аз ӯ пурсем - хидмати кардааш чӣ қадар арзиш дорад ва ҳисобӣ кунему даҳони миннатгузорро бандем?

Бовар дорам, то замоне ин сифат аз ҷомеа бардошта нашавад, ҳеч пешрафту такомуле сурат намегирад. Ба даргоҳи Худо миннат нашавад, аз касе муттаҳаму миннатдор нестам ва ба касе миннатгузор. Нестам?!

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG