Дар Қирғизистон бори дигар пешниҳод кардаанд, ки ба чандҳамсарӣ ҷомаи қонунӣ пӯшонда шавад. Ин дафъа ин пешниҳод аз тарафи ҳизби "Келечек" садо дод, ки талош дорад вориди Маҷлиси шаҳри Бишкек шавад. Номзади он, Назира Абдуқаюмова, рӯйирост гуфт, ки "ҳизб тарафдори қонунӣ кардани чандҳамсарист".