Ҳамлаи нави Озарбойҷон ба Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишааш бо Арманистон, ки нигарониҳои зиёдро ба бор овард, рӯзи 19-уми сентябр бо созиши оташбас ба поён расид. Суоли асосӣ ин аст, ки чаро Озарбойҷон ногаҳон ба ҳуҷум гузашт?
Сиёсатмадори қирғиз ҳушдор дод, ки агар ҷониби Тоҷикистон аз даъвои арзии худ дар баробари Қирғизистон даст накашад, Бишкек метавонад нисбат ба Тоҷикистон бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки ба тозагӣ аз бойгонӣ пайдо шудаанд, иддаои худро матраҳ кунад.
Изҳороти раиси Кумисюни давлатии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев аз 15-уми сентябри соли 2023 дар бораи дурнамои музокироти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад паёму маъноҳои ҷиддӣ низ дошта бошад.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, рӯзи 14-уми сентябр ба таври ногаҳонӣ ба Душанбе омад ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон гап зад.
Нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро паси панҷараи боздоштгоҳ бурд.
"На шоир рӯз дорад, на тоҷир ва на рӯзноманигор. Ҳукумати Тоҷикистон ба кӣ вафо мекарда бошад?" Суоли корбаре ба номи "Хуросони Бузург" дар Фейсбук дар пасманзари боздошти рӯзноманигор ва нависандаи 65-сола Абдуқодири Рустам.
Дар бораи корбурди саҳеҳи номи ин бозии ҳушмандона ва машҳур, ки ба фарҳангу ҳувияти мо гиреҳ хӯрдааст, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое матраҳ шуда буд.
Маънои шаҳрванд чист ва масъулияташ чӣ? Баъзан мегӯянд, “ҳуқуқи шаҳрванд вайрон шуд”. Шумо инро чӣ гуна мефаҳмед? Агар ҳуқуқи шумо поймол шуд, чӣ мекунед? Кӣ бояд ҳуқуқи шуморо ҳимоя кунад? Ба ин суолҳо сокинон дар кӯчаҳои Душанбе посух доданд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни як нишаст хабар дод, ки лоиҳаи наверо омода доранд, ки дар сурати қабули он истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагони мактабҳо иҷоза дода мешавад. Ба гуфтаи вазир, тасмими мазкур дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта гирифта шудаааст.
Аз расмҳои номақбуле, ки дар Тоҷикистон ривоҷ гирифта, истиқбол аз мансабдорон ё шахсони сарватманду қудратманд бо гулу гулдаста ва ё бо нону намак аст. Ин расм дар замони шӯравӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешуд, аммо ба назар мерасад дар даврони беш аз сисолаи истиқлоли кишвар ба ҳадди ифрот расидааст.
Агар қудрат медоштед ва аз дастатон иҷрои кори муҳиме ё ҳалли мушкили азиме меомад, кадом корро пеш аз ҳама ҳал мекардед? Посухи ин суолро ҳамкорони мо Амир Исоев ва Искандари Фирӯз аз роҳгузарон дар Душанбе пурсиданд. Посухҳо дар видео.
Бо вуҷуди афзоиши сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар чанд соли охир харидории хона ҳамоно барои бисёре аз оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон орзуи датснорас мемонад. Ҳоло киҳо тавони харидани хонаро доранд ва давлат дар таъмини сокинон бо манзил чӣ нақш дорад?
Ёфтҳои бештар