Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти заминии Исроил дар Ғазза дар посух ба зарбаҳои ғофилгиронаи ҲАМОС дар дохили ин кишвар пуштибонии бештар ёфтааст, вале яҳудиён дар хориҷ назари яксон надоранд.
Дар эътирозҳое, ки ба пуштибонӣ аз мардуми Фаластин дар хориҷи кишвар баргузор мешавад, бархе яҳудиён низ ширкат мекунанд ва амалиёти Исроил дар Ғаззаро нодуруст медонанд.
Дар амалиёти Исроил дар Ғазза беш аз 11 ҳазор аҳолии осоишта кушта шудааст.
ҲАМОС рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Ин ҳодиса ҷомеаи яҳудиёни Амрикоро такон дод. Онҳо ба нишони ҳимоят аз Исроил ва гиромидошти ёди қурбониён гирдиҳамоӣ баргузор кардан. Яир Лев, ки аслан аз Ерусалим ё Байтулмуқаддас аст, дар гирдиҳамоие дар Филаделфия гуфт, “сухан дар бораи маҳкум кардани ҷинояти бадтарини зидди яҳудӣ дар ҳаштод соли охир меравад. Мо наметавонем инро таҳаммул намоем ва бояд коре кунем. Ҳамаи мо, новобаста аз дин ва нажод, кори аз дастамон меомадаро анҷом медиҳем, то Исроилро дар ин рӯзҳои даҳшатбор дастгирӣ намоем.”
Дар назарсанҷиҳои Маркази тадқиқотии “Pew” дар солҳои 2019 ва 2020 аксарияти амрикоиҳои яҳудитабор, гуфтаанд, ки бовар доранд, ғамхорӣ нисбат ба Исроил як ҷузъи асосӣ ва муҳими яҳудияти онҳост.
Аммо пурсиши афкор инчунин рӯ задани фарқи байни наслҳои ҷавон ва солмандро дар ин бобат ошкор кард, ҳарчанд ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, дидгоҳи калонсолон ҳанӯз бартарӣ дорад.
Ҷероме Сегал, масъули Маркази байналмилалии машварат барои сулҳ мегӯяд, “дар байни яҳудиёни калонсол ва диндор ҳамбастагӣ бо Исроил қавитар аст. Яъне, ҳиссе вуҷуд дорад, ки Исроил як ҷузъи ҳувияти онҳост ва ба маънои яҳудӣ будан аст. Аммо яҳудиёне, ки ҷавонтаранд, метавон мушоҳида кард, ки эҳтимолан аксарияташон бо Исроил ҳамбастагии зиёд надоранд."
Бархе аз ҷавонони амрикоии яҳудитабор дар нимаи моҳи октябр дар назди бинои Капитолии Амрико тазоҳурот карданд. Онҳо гуфтанд, аз ҳамлаи ғофилгиронаи террористии ҲАМОС ғамзада шуданд, вале вокуниши низомии Исроилро рад мекунанд, ки сабаби буҳрони башарӣ дар Навори Ғазза шудааст.
Ева Боргвард, як тан аз онҳо гуфт: “Мо ин ғам ва дардро ба кӯчаҳо мебарорем, то бигӯем, ки ин ҷанг, ин ҳамла ба мардуми Фаластин, ки ҳоло рух дода истодааст, хешовандони моро эмин нигоҳ дошта наметавонад. Ин кор азизони моро барнамегардонад.”
Бархе аз дигар эътирозгарони амрикоии яҳудитабор аз мавзеъгирии Вашингтон дар мавриди низоъ изҳори нигаронӣ карданд. Линда Ҳолтзман, яке аз онҳо гуфт: “Президент Байден, чашмони худро кушоед. Бубинед, ки дар Ғазза чӣ мегузарад. Ба харобиҳои Ғазза нигаред. Шумо бояд бархезед ва ба наслкушӣ хотима диҳеду фавран оташбасро талаб кунед.”
Дина Афек, як тани дигар аз онҳо чунин гуфт: “Бояд аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳо фишор оварда шавад, то ин девонагӣ ва ҷангро бас кунанд.”
Ашер Коуфман, профессори таърих ва таҳқиқоти сулҳ, мегӯяд, бо идомаи ҳамлаи ҷавобии Исроил ва афзоиши шумори қурбониёни хушунат нигоҳ доштани дидгоҳҳо оиди низоъ мушкилтар мешавад. “Шумо метавонед амалҳои ҲАМСО-ро дар рӯзи 7 октябр маҳкум кунед ва дар баробари ин, шумо метавонед аз идомаи ишғоли Исроил дар соҳили Ғарбӣ ва муҳосираи Ғазза интиқод кунед. Ба назари ман, ин ду, якдигарро инкор намекунанд. Аммо ҳоло ин ҳамаро мушоҳида кардан хеле мураккаб ва душвор аст. Мардум сабр надоранд,"—гуфт ӯ.
Ба назари Коуфман, агар вазъияти башарӣ дар Ғазза бадтар шавад, ин ихтилоф метавонад боз ҳам амиқтар гардад.
Ҷанг миёни Исроил ва ҲАМОС дар навори Ғазза беш аз як моҳ боз давом дорад. Созмонҳои байналмилалӣ вазъиятро даҳшатнок медонанд ва борҳо аз Исроил хостанд, оташбас эълон кунад. Исроил мегӯяд, то ҲАМОС гаравгонҳоро озод накунад, оташбас эълон намекунад.
Гуфтугӯ