Бино ба як гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, як ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистонро як ҷавони 31-сола аз Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.
Пас аз чандин ҳушдори мақомоти Русия дар бораи афзоиши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон, як намояндаи баландпояи Амрико низ дар ин бора изҳорот дод. Ин дар ҳолест, ки таъкиди русҳо ба қазия бештар таблиғоте барои таҳкими ҷойгоҳи худ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Як ҷангҷӯи тоҷик аз пайвандонаш хостааст, ки фавран ба ӯ 6 ҳазор доллар фиристанд, то аз як макони хатарнок берун шавад.
Ба думболи бозгардонидани даҳҳо кӯдаки тоҷик аз Ироқ, мақомоти Ӯзбекистон рӯзи 30-уми май 156 шаҳрванди он кишварро аз Ховари Миёна ба Тошканд оварданд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони 28-соларо бо гуноҳи мағзшӯии ноболиғон ва ташвиқи онҳо барои "ҷиҳод" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи Суҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Баъди чаҳор соли бедарак будан, духтари Давлатбӣ Одинаева – сокини ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб – аз Сурия тамос гирифтааст. Вай аз модараш хостааст, ки агар тавонад пул фиристад, "то ҷони ӯ ва шаш фарзандашро харад".
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як гуруҳи 12 нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро бо гуноҳи ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кард. Муҳокима рӯзи 7-уми май дар боздоштгоҳи рақами 1 дар Душанбе сурат гирифт ва 6 нафари дигар барои пинҳон доштани ҷиноят ҷарима шуданд.
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, қазияи бозпас овардани кӯдакон ва ноболиғони тоҷик аз Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва "онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд".
Ҷавони 22-солаи тоҷик, ки барои қасди ҳамлаи маргталабона дар бинои вазорати умури дохилӣ ба зиндон маҳкум шуд, ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, хостори бозбинии он шудааст.
Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро, ки ба гуфтаи муфаттишон мехост, ба бинои Вазорати умури дохилӣ ҳамла кунад, ба солҳои тулонии зиндон маҳкум намуд. Вале наздикони маҳкумшудагон парвандаро "сохта" унвон мекунанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ду ҷавонро баррасӣ мекунад, ки ба гуфтаи муфаттишон саъй доштанд, ба вазорати умури дохилӣ ҳамла карда ва кормандони милисаро ба қатл расонанд.
Мақомоти тоҷик бо ҳамсари дуюми марде, ки ба тарҳрезии ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон гумонбар мешавад ва дар зиндони Ироқ қарор дорад, телефонӣ сӯҳбат кардаанд.
Ёфтҳои бештар