Йозеф Ланг, як таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ мегӯяд, «экспорти» ҷиҳодиён аз ин минтақа ба Аврупо хатари террорро дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон кам кардааст, вале дар дарозмуддат барои мубориза бо ифротгароӣ дуруст нест.
Додгоҳи вилояти Хатлон як ҷавонро барои қасди пайвастан ба гурӯҳи ифротгарои ба ном "Давлати исломӣ", ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
Мақомоти амрикоӣ дар Афғонистон тайъид карданд, ки раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар ҷараёни амалиёти муштараки сарбозони ду кишвар, кушта шудааст.
Ба ҷои Шайх Салоҳиддин -- раҳбари кушташудаи катиба ё гурӯҳи ҷангиёни узбак ба номи имом Ал-Бухорӣ, ки дар Сурия кушта шуд, як тоҷикистонӣ бо номи Абу Юсуф интихоб шудааст.
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар пайи партоби қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар минтақаи Очини вилояти Нангарҳор ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз онҳо фармондеҳи аршади гурӯҳи “Давлати исломӣ” ном бурда мешавад, кушта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 100 шаҳрванди кишварро дар ихтиёри Русия гузоштаанд, ки ба қавли онҳо эҳтимол бо гурӯҳҳои тундрав иртибот доранд. Мақомот мегӯянд, аз Русия дархост шудааст, то рафтори ин афродро таҳти назорат бигирад.
Додгоҳи Исфара як сокини 24-солаи ин шаҳрро барои ташкили "иттиҳоди ҷиноятии ифротӣ" дар Русия ва “гусели” ҷавонон ба майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия 9 сол равонаи зиндон кард.
Рӯзи 28 март се корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар робита ба шикояти латту кӯб ва шиканҷаи сокини 29-солаи Кӯлоб дар як мурофиаи додгоҳӣ посух доданд.
Ниманизомиёни курд ва арабе, ки аз сӯи Амрико дар шимоли Сурия ҳимоят мешаванд, мегӯянд, пойгоҳи муҳими ҳавоии "Табқа"-ро аз тасарруфи гурӯҳи "Давлати исломӣ" берун кардаанд. ДИИШ дар соли 2014 ин фурудгоҳи низомиро ба тасарруфи худ дароварда ва даст ба куштор зада буд.
Як хонавода аз вилояти Хатлон аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, чанд узви ноболиғи оиларо, ки дар Сурия дармондаанд, ба кишвар баргардонанд, чун мумкин аст, дар онҷо кушта шаванд.
Туркия парастори Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷикро ба Тоҷикистон истирдод кард.
Додситонии федеролии Олмон нисбати як шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирокаш дар фаъолияти созмони хориҷии террористӣ ва нақзи қонун оид ба назорати силоҳ, айб эълон кардааст. Дар ин бора бо такя ба изҳороти додситонӣ хабаргузории ТАСС гузориш медиҳад.
Ёфтҳои бештар