Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (“зархаридӣ”) ба 10 соли зиндон маҳкум кард
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, аз чаҳор узви як хонаводаи тоҷик, ки ду сол пеш ба сафи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пайвастанд, ду нафарашон бо анҷоми амали маргталабӣ кушта шудаанд.
Тибқи гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мақарраш дар Ҳолланд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали нерӯҳои интиҳоркунандаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия қарор доранд. Бар пояи ин гузориш, шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва Мағриб (Марокаш) дар мақомҳои дувум ва савум қарор гирифтаанд.
Панҷ узви як хонавода аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз Эрон ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин хонавода моҳе пеш ҳангоми талоши убури марз аз Зоҳидони Эрон ба Афғонистон боздошт шудааст.
Дар вилояти Хатлон мақомот ташаббуси наверо барои огаҳӣ ёфтан аз ҳузур ва шароити буду боши сокинон дар шаҳру манотиқи Русия роҳандозӣ кардаанд.
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз пайвастани як ҷавони тоҷик ба шохаи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар Афғонистон, маъруф ба "Хуросони Бузург" хабар доданд.
Додгоҳи вилояти Хатлон се сокини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норакро барои боло кардани парчами сиёҳе монанд ба байрақи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гунаҳкор донист.
Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ эълон кард, ки амалиёт барои бозпас гирифтани ғарби шаҳри Мосул аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ шурӯъ шудааст.
Бо шикасти ба қавли худашон "Хилофат" ва фирор аз манотиқи васеи Сурияву Ироқ, аъзои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ "меросе"-ро мегузоранд, ки аз зулму истибдоди онҳо нисбат ба мардум далолат мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар як гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид аз ҳузури беш аз дусад навраси тоҷик, аз ҷумла 91 духтар ва 115 писар, дар Сурияву Ироқ хабар доданд.
Як пажӯҳишгоҳи байналмилалӣ мегӯяд, ки таҳдиди созмонҳои ифротиву террористии вобаста ба “Ал-Қоида” ба Тоҷикистон дар соли 2017 ҳамчунон зиёд боқӣ мемонад.
Биналӣ Йилдирим – нахуствазири Туркия – гуфт, ки шаҳрванди 34-солаи Узбакистон Абдуқодир Машарипов, маъруф бо лақаби “Абу Муҳаммад Хуросонӣ”, даст доштан дар куштори 39 нафар дар клуби Рейнаи Истанбулро эътироф кардааст.
Ёфтҳои бештар