Бегиҷон Назаров, тоҷики 28-солаи узви Толибон, ки аз тарафи нерӯҳои афғон боздошт ва баъдан ба Душанбе истирдод шуда буд, бо ҷурми "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва "зархаридӣ" ба 16 сол маҳкум шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ панҷ сол қабл кишварро ба қасди муҳоҷират дар Русия тарк карда буд.