Шахсияти 516 сокини вилояти Хатлон, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян карда шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо фаъолони Хатлон гуфт, ки ин ҳисобу китоб аз соли 2014 ба ин тарафро дар бар мегирад.
Бародари "ҷиҳодӣ" сабаб шуд, ки як зани тоҷикро шавҳараш пас аз ду даҳсолаи зиндагӣ талоқ бидиҳад.
Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Украина бо иттиҳоми узвият дар созмони террористӣ дастгир шудааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе баррасӣ мешавад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, 90 дар сади занҳои тоҷике, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, ба амри шавҳарону бародарони худ “ғуломвор итоат” ва берун аз хоҳиши худ ба ин кишварҳо сафар кардаанд.
Зоир Усмонови 31-соларо моҳи июн дар марзи Сурия ва Туркия дастгир кардаанд ва рӯзи 20-уми июл ба Душанбе овардаанд. Мақомот мегӯянд, Зоир як сол пеш ба сафи гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" пайвастааст. Бародараш ба Радиои Озодӣ нақл кард, кӣ чӣ гуна Зоир ба Сурия рафтааст ва онҷо чӣ кор мекард.
Ҷангҷӯёни Толибон ду вулусволиро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузи Афғонистон ишғол кардаанд. Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол дар наздикии марз бо вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, ки танҳо дар ҷангҳои зидди режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад 210 сокини ин вилоят иштирок доранд. Аксари ин афрод ҷавон буда, баъзеи онҳо бо хонаводаашон ба онҷо рафтаанд.
Матбуоти Туркия менависад, 11 тан аз 17 нафаре, ки дар Туркия дар робита ба ҳамлаи хунин ба фурудгоҳи Отатурки Истамбул ба ҳабс гирифта шудаанд, шаҳрвандони Русия мебошанд. Дар бораи зода ё зодагони боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳанӯз хабарҳо мухталифанд.
Шаби 4 ба 5 июл дар як задухӯрди сангин дар ноҳияи Арганҷхваи вилояти Бадахшони Афғонистон 13 ҷангҷӯи Толибон, аз ҷумла ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ кушта шудаанд. Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ҷангҷӯёни тоҷикистониро дар ин минтақа ду нафар бо номҳои Умар Ислом ва Ҳоҷӣ Фурқон раҳбарӣ мекунанд.
Абу Довуд дар навори ҷавобияш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ягон талош ӯро аз роҳи "ҷиҳод" гардонда наметавонад, ҳатто агар наздиконашро, ба қавли ӯ, аз "мясорубка" ҳам бигузаронанд.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар фурудгоҳи шаҳри Харкови Украина боздошт шудаанд.
Падари як ҷавони тоҷик, ки бо гумони узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар Олмон боздошт шудааст, мегӯяд, намедонист, дар сари писараш чӣ мегузарад.
Ёфтҳои бештар