Шахсияти ҳазорон нафар аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ошкор шудааст. Ин маълумотро яке аз аъзои ҷудошудаи ин гурӯҳ дар ихтиёри шабакаи хабарии Sky News гузоштааст.
Мухолифони давлати Сурия назорати гузаргоҳеро дар марз бо Ироқ ба назорати худ даровардаанд. Дар ин бора Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия хабар додааст.
Ҳисоб шудааст, ки даромади эҳтимолии гурӯҳи экстремистии “Давлати исломӣ” дар як моҳ даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҳумайро Мирова, сухангӯи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки аз ӯ ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов ном бурда мешавад, бо чор кӯдакаш ба Сурия рафтааст.
Се зан аз ноҳияи Қубодиён, ки яке аз онҳо хушдоман ва дуи дигар келинанд ва, инчунин, як зан аз шаҳри Исфара барои қасди сафар ба Сурия равонаи зиндон шудаанд.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як зани 34-сола аз Душанберо барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба доштани се шавҳар муттаҳам карда буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти ду тоҷири бозори "Корвон"-ро тасдиқ кард, вале гуфт, ки боздошти онҳо на барои риш, балки барои узвият дар созмонҳои мамнӯъ сурат гирифтааст.
Дар Душанбе аз ваъдаи ёриҳои Амрико барои мубориза бо терроризм истиқбол мекунанд, вале мегӯянд, вазъ дар он сӯи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пешгӯинашаванда боқӣ мемонад.
Як сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон барои ҷалби одамон ба саффи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ёздаҳуним сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ, фарзандони Домулло Амриддин гуфтаанд, дар сурати озод шудан аз зиндони Багроми Афғонистон ба Тоҷикистон барнамегардананд.
Додгоҳи ноҳияи Железнодорски шаҳри Екатеринбург ҳукми ҳабси 7 тани боздоштшуда бо иттиҳоми узвият дар “Давлати исломӣ” ва таҳияи ҳамлаҳои террористиро содир кардааст.
Мақомоти амниятии Русия аз боздошти 7 нафар дар шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ хабар доданд.
Ёфтҳои бештар