Амрико эълон кардааст, ки даҳҳо тонна муҳимот ва таҷҳизот дар ихтиёри ҷангиёни суриягии мухолифи гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор додааст.
Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, амалиёти низомии ин кишвар дар Сурия аз қабл тарҳрезӣ шуда буд. Владимир Путин ҳамзамон гуфт, ки онҳо қасди фиристодани нерӯи заминӣ ба Сурияро надоранд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ду шаҳрванди Қирғизистон қасд доштаанд, ки чаҳор зани тоҷикро ҳамроҳ бо фарзандони хурдсолашон ба майдонҳои ҷанг дар Сурия "гусел" кунанд.
Вокуниши хашини давлатҳои асосан суннимазҳаби Ховари Миёна ба бомборони мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия метавонад нуфузи Маскавро дар ин минтақа сахт коҳиш диҳад.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми истирдод аз Туркия ба Душанбе аз дасти пулис раҳо шуданд ва ба Сурия фирор карданд.
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ташкили эътилофи ба гуфтаи ӯ "алайҳи терроризм" бо ҳузури Русия, Эрон, Ироқ ва Сурияро таъйид карда ва гуфтааст, ки мутмаин аст ин эътилоф муваффақ хоҳад шуд.
Аз Русия дар бораи эҳтимоли пайвастани боз як донишҷӯи тоҷик ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия хабар расид.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шумори ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия ба 651 нафар мерасад. 113 нафари онҳо хонаводагӣ ба ҷанг рафтаанд.
Амрико алайҳи як идда аз раҳбарон, маблағгузорон ва тарафдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” аз ҷумла алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов таҳримот ҷорӣ кардааст.
Як гурӯҳ аз ҷангиёни тоҷику узбак ва чеченҳо аз гурӯҳи Давлати исломӣ ҷудо шуда ва ба Ҷабҳаи Ан-Нусра, ки шохаи Ал-Қоида дар Сурия мебошад, пайвастаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раванди ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтани шаҳрвандони тоҷик коҳиш ёфта, ҳоло дар Сурияву Ироқ тақрибан 300 тан аз атбои Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
Ҳамсарони ҷавонони тоҷике, ки ба Сурияву Ироқ рафтаан ва ё онҷо кушта шудаанд, дар назди ҷомеа ҳамчун ҷавобгари кирдори шавҳар бори хиҷолат мекашанд.
Ёфтҳои бештар