Амрико мегӯяд, ки беш аз 45 тонна муҳимоти дар ихтиёри гурӯҳҳои шӯришӣ, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои исломгаро дар шимол-шарқи Сурия меҷанганд, қарор додааст. Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳикоят аз он дорад, ки нерӯҳои давлатии Сурия бо ҳимояти ҳавоии Русия, дар ҷабҳаи ҷанг пешравӣ доштаанд.
Тибқи гузориши расонаҳои байналмилалӣ, ҳузури низомии Русия дар Сурия вазъи ҷанги дохилӣ дар ин кишварро печидатар кардааст. Русия аз ду ҳафта пеш мавзеъҳоеро дар Сурия мавриди ҳамла қарор дода ва мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "террористҳо"-ро ҳадаф қарор додааст. Аммо тайи рӯзҳои гузашата кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз ҳамлаҳои ҳавоии русҳо ба мавзеъҳои гурӯҳҳои миёнарави мухолифи Башор Асад дар Сурия, интиқод карданд.
Рӯзи душанбеи 12-октябр вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз Маскав хостанд, ҳамлаҳо ва бамборони мухолифони Асад, ки ифротӣ нестандро, бас кунад. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия гуфтааст, ки ба Маскав меравад то мақомҳои Русияро ба пеш бурдани як роҳи ҳалли сиёсӣ ташвиқ намояд.
СИЛОҲ БАРОИ ШӮРИШИЁНИ ЗИДДИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ"
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо мегӯянд, ки Амрико дар шимоли Сурия аз тариқи ҳаво, таҷҳизот ва муҳимоти ҷангӣ дар ихтиёри шӯришиён қарор додааст. Сухангӯи артиши Амрико гуфтааст, ки ин аслиҳа ва таҷҳизот рӯзи якшанбе фиристода шудааст.
Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, танҳо гурӯҳе, ки тавонист алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пешравиҳо дошта бошад ва амалиётҳои муваффақе анҷом бидиҳад ва дар айни ҳол муттаҳиде барои Ғарб ба шумор равад, гурӯҳи курдии Нерӯҳои демократии Сурия аст.
Ин гурӯҳ дар шимоли Сурия ҷойгир буда ва ахиран бо гурӯҳҳои хурде аз шӯришиёни араби Сурия, эътилоф ташкил додааст. Хабаргузории Ройтерз аз қавли як сухангӯи нерӯҳои араби Сурия нақл кардааст, ки Вашингтон иттилоъ додааст, ки онҳо силоҳҳои наверо барои муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дарёфт хоҳанд кард.
Ба гуфтаи вай, қарор аст ин аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ барои ҳамла ба шаҳри Раққа истифода шаванд. Ин шаҳр пойгоҳи аслии гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ба ҳисоб меравад.
ПЕШРАВИИ НЕРӮҲОИ АСАД
Тибқи охирин гузоришҳо, нерӯҳои вобаста ба ҳукумати Сурия дар вилояти Ҳимо дар маркази он кишвар, пешравиҳо доштаанд. Маркази фармондеҳии артиши Сурия гуфтааст, ки онҳо тавонистанд контроли як деҳаи дигарро дар Ҳимо ба даст бигиранд. Ба ин тартиб, мавқеияти нерӯҳои Асад дар шоҳроҳи байни Димишқ ва Ҳимо тақвият ёфтааст. Ин шоҳроҳ аз назари стратегӣ аҳамияти зиёд дорад.
Пешравии ахири нерӯҳои Асадро Созмони ҳуқуқи башари Сурия, ки мақараш дар Лондон мебошад, низ таъйид кардааст. Ин созмон дар айни ҳол таъйид кардааст, ки аз оғози ҳамлаи Русия дар Сурия, даргириҳо шиддат гирифтаанд. Артиши Сурия гуфтааст, ки дар вилояти Лозиқия низ пешравӣ кардааст. Лозиқия муҳимтарин маркази ҳузури нерӯҳои тарафдори Башор ва дар айни ҳол аз пойгоҳҳои аслии нерӯҳои русӣ аст.
"НИГАРОНӢ" ВА "ҲУШДОР"
Рӯзи душанбе вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Маскав хостанд, то аз ҳамлаҳо ба гурӯҳҳои шӯришгар, ки ифротӣ нестанд, даст бардорад. Амрико ва гурӯҳе аз муттаҳидони ғарбии он мегӯянд, байни 80 то 90 дарсади ҳамлаҳои Русия ба мавзеъҳои ғайр аз "Давлати исломӣ" ва "Ал-Қоида" анҷом шудааст. Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки "сулҳи пойдор" бо ҳузури раҳбари феълии Сурия "имконпазир нест."
Арабистони Саудӣ, аз муҳимтарин мухолифони Асад дар Ховари Миёна низ ҳушдор додааст, ки ҳузури Русия дар корзори Сурия метавонад бӯҳронро бадтар карда ва шумори ҷангиёни хориҷиро бештар кунад. Як манбаъ дар ҳукумати Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки ин кишвар ба ҳимояти худ аз мухолифони Башор Асад идома хоҳад дод.