Парламенти Покистон қонуни ҷавобгарии масъулони кушторҳои номусиро тасвиб кард.
Замоне дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Қирғизистон ҷамоаи бузурги олмонитабаорон иқомат дошт. Дар арафаи боздиди канлсери Олмон аз ин ҷумҳурӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ ба деҳаи олмонии канори Бишкек сафар карданд.
Ҳар сол даҳҳо кӯдаку навраси афғон ба ғуломӣ ва ё сарнавишти аз он ҳам бадтар фурӯхта мешаванд. Одатан, ин кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ки фирефтаи ваъдаҳои қочоқчиён шудаанд. Онҳоро Толибон ҳам барои истифода дар бомбгузориҳои интиҳорӣ истифода мебаранд.
Тамошои қасри Букингему соати Биг Бенро канор гузоред. Ҳоло дар Лондон зиёрат аз қасрҳои олигархҳои русу украинӣ муд шудааст. "Сайри дуздсолорӣ"-ро гурӯҳи мубориза бо фасод дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи Ҳадсон ва Ҷамъияти Ҳенри Ҷексон ташкил кардаанд.
Бо ишора ба сайтбандиҳо ва маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳо коршиносон мегӯянд, то замоне, ки мақомоти марбутаи соҳаи алоқа дарк накунанд, ки фазои иттиллотии Тоҷикистон моли ин кишвар аст, ин соҳа рушд нахоҳад кард.
Ҷумҳурии Чех тасмим гирифтааст аз ҳисоби тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ зиён аз таҳрими Русияро ҷуброн кунад. Ҳафтаи охири моҳи январ як ҳайати расмии Тоҷикистон бо аъзои ҳукумат ва соҳибкорони чех имкони тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ҳафтаи равон ҳукумати Тоҷикистон қарор баровард, ки ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" ва муассисаи давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ҳамчун воҳидҳои мустақил ба вазорати нақлиёт шомил гарданд. Оё муштариён аз ин иқдом суде хоҳанд бардошт?
Дар паёми солонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки имсол нафақаи бознишастагон то 20% боло бурда мешавад. Ваъдае, ки соли гузашта иҷро нашуд, аз кадом ҳисоб амалӣ мегардад?
Понздаҳ сол баъд аз фурӯпошии ҳукми Толибон ҳам занони афғон зери фишор қарор доранд, то либоси суннатӣ ба бар кунанд, аммо баъзе хонумҳои ҷасур азм гирифтаанд, ки анъанаҳои муҳофизакоронаи кишварашонро тағйир диҳанд.
Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона, ки масъулияти онро гурӯҳи давлатӣ исломӣ бар дӯш гирифтааст, дар вилояти ҷанубии Нангарҳори Афғонистон камаш 7 афсари амниятӣ ва 3 тан аз силоҳбастон ба ҳалокат расиданд.
Шаҳрдории Душанбе ин тарҳро барои бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин намудани аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷавӣ роҳандозӣ кард.
Тағйири қурби юани Чинро як сабаби аслии "тӯфон"-е мешуморанд, ки рӯзи 7 январ бозорҳои ҷаҳониро ба ҳам зад ва қурби пулҳои миллии хеле аз кишварҳо, аз ҷумла рубли Русия ва сомонии Тоҷикистонро поин бурд.
Ёфтҳои бештар