Ҳафтаи равон ҳукумати Тоҷикистон қарор баровард, ки ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" ва муассисаи давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ҳамчун воҳидҳои мустақил ба вазорати нақлиёт шомил гарданд. Оё муштариён аз ин иқдом суде хоҳанд бардошт?
Дар паёми солонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки имсол нафақаи бознишастагон то 20% боло бурда мешавад. Ваъдае, ки соли гузашта иҷро нашуд, аз кадом ҳисоб амалӣ мегардад?
Понздаҳ сол баъд аз фурӯпошии ҳукми Толибон ҳам занони афғон зери фишор қарор доранд, то либоси суннатӣ ба бар кунанд, аммо баъзе хонумҳои ҷасур азм гирифтаанд, ки анъанаҳои муҳофизакоронаи кишварашонро тағйир диҳанд.
Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона, ки масъулияти онро гурӯҳи давлатӣ исломӣ бар дӯш гирифтааст, дар вилояти ҷанубии Нангарҳори Афғонистон камаш 7 афсари амниятӣ ва 3 тан аз силоҳбастон ба ҳалокат расиданд.
Шаҳрдории Душанбе ин тарҳро барои бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин намудани аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷавӣ роҳандозӣ кард.
Тағйири қурби юани Чинро як сабаби аслии "тӯфон"-е мешуморанд, ки рӯзи 7 январ бозорҳои ҷаҳониро ба ҳам зад ва қурби пулҳои миллии хеле аз кишварҳо, аз ҷумла рубли Русия ва сомонии Тоҷикистонро поин бурд.
Талотуми ҳодисоти марбут ба таниши шадиди байни Саудӣ ва Эрон аз як баҳси давомдор дар Ховари Миёна ва аз як зимистони гарме дар арсаи сиёсии ин минтақаи бе он ҳам доғ аломат медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандону наздиконаш маносики Ҳаҷҷи умраро ба ҷой оварда, барои бори дувум ба дохили Каъбатуллоҳ ворид шудааст.
Дар рӯзҳое, ки равобит миёни ду кишвари муассири олами ислом - Арабистони Саудӣ ва Эрон - бо бӯҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ аз Арабистон боздид кард.
Моҳи оянда марги хабарнигори мустақили озарӣ дард додгоҳ муҳокима мешавад. Дар иртибот бо куштори Расим Алиев як футболбози маҳаллӣ ва ҳаводорони ӯ муттаҳам мешаванд, ки баъди мақолаи танқидӣ хабарнигорро лату кӯб кардаанд.
Аз ҳамла болои маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавӣ то суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи Туркияву Сурия аз ҷумлаи ҳодисаҳое будаанд, ки соли 2015-ум ба вуқӯъ пайваста, дар як гузориши Радиои Озодӣ ҳамчун муҳимтарин рӯйдодҳои сол пешкаши бинандагон шудаанд.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи ниқобпӯше дар шаҳри Химкии канори Маскав камаш 5 шаҳрванди Тоҷикистонро ғорат ва лату кӯб кардаанд. Ҷавонони ҷабрдида мегӯянд, дар баробари ҷароҳатҳо аз муносибати сарди табибони маҳаллӣ азият мекашанд.
Ёфтҳои бештар