30-летний Саид Саидджонов приехал в г. Хатны-Мансийск на заработки и вскоре стал жертвой конфликта с дорожными полицейскими. Его избили так, что он получил разрыв кишечника, а после жалобы в СК РФ, попал в спецучреждение ФМС РФ по обвинению в нарушении административного законодательства.
Зайниддин Бобобеков, падари 3 тифле, ки қурбони рашки модар ва ҷанҷоли хонаводагӣ шуданд, рӯзи 9 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки на Парвинаро талоқ карда буд ва на – хиёнат.
Рӯзи сешанбе хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба деҳаи Бӯстони ноҳияи Исфара сафар карда, аз сокинони деҳа ва наздикони Боборизо Ризоев дар бораи қазияи куштори ин юавони ҷавони 18-сола чанд суол кард.
Хар як ҳайвони боркаш дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тоҷикон хӯрдани гӯшти онро ҷоиз намедонанд. Аммо як ширкати чинӣ аз Тоҷикистон хостааст, то барои коркарди гӯшти хар барояшон иҷоза бидиҳанд, аммо Хадамоти байтории кишвар ин дархостро рад кард.
Дар яке аз гардишҳои рӯди Панҷ, воқеъ дар деҳаи Кишти ноҳияи Шӯрообод, об баъзан ҷасадҳоро ба соҳил мебарорад. Сокинони маҳал ин ҷасадҳои ношиносро аз об берун кашида, тибқи расму оини мусулмонӣ ба хок месупоранд.
Қиссаи як идда занони хатлонӣ, ки тамоми бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандиро пушти сар карда, ба ҳайси сарпарасти оила як рӯзгори осудае барпо кардаанд.
Падарону модарон баъди таваллуди фарзанд фурсатро аз даст дода, тарбияи ӯро ба кӯча вомегузоранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ ва Бароти Юсуфӣ мегӯянд, чунин шона холӣ намудани волидайн аз тарбияи атфол одатан паёмади хуб надорад.
Маоши миёна дар Тоҷикистон 964 сомонӣ ҳисоб шудааст. Оё як хонавода дар ин кишвар танҳо бо маош метавонад зиндагиашро пурра таъмин кунад?
Саргузашти парастори тоҷик Гулрухсор Рофиева, ки 105 рӯзи умраш дар асорати одамрабоёни яманӣ гузашт занги изтиробе аз беқадрӣ, рӯзгори сахт дар ватан ва муҳоҷирати густардаи кадрҳои тиббии Тоҷикистон ба хориҷа аст. Ҳатто ба кишварҳои оғуштаи ҷанг.
Парастори тоҷик Гулрухсор Рофиева, ки рӯзи 10-уми феврал аз асорати 105-рӯза дар Яман озод шуд, дар нахустин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ саргузашти худро ҳикоят кард.
Натиҷаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ба назари бисёриҳо, аз ҳоло маълум аст. Вале як интригаи боқимондаи ин маърака сарнавишти ҳизби наҳзати ислом аст, ки оё 2 курсиашро дар порлумони оянда ҳифз мекунад ё ..?
Ёфтҳои бештар